Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми наврӯзии Блинкен: Умед дорам, соли нав нишонае аз поёни сахтиҳо бошад


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен рӯзи 20-уми март фаро расидани Наврӯзро табрик гуфт ва изҳори умед кард, ки "соли нав нишонае аз поёни сахтиҳои калону хурд бошад".

Вай дар паёми видеоӣ гуфт, "Наврӯзро ба ҳама шахсоне, ки дар саросари ҷаҳон онро ҷашн мегиранд, шодбош мегӯям. Аз Теҳрон то Лос-Анҷелес, аз водии Фарғона то Ҳиндукуш".

Ӯ бо баёни ин ки "Наврӯз фурсате аст барои тааммул дар гузашта ва дар айни ҳол таҷдиди умед барои фасли пеши рӯ аст", изҳор дошт, "ҳамон тавр, ки Ҳофиз дар мавриди баҳор месарояд,

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд, Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

баҳори наве мерасад. Умед ба он дорем, ки ин сол нишонае аз поёни сахтиҳои бузург ва хурд бошад. Ва оғозе бошад барои соли нав ҳамроҳ бо хубӣ, саломатӣ, сулҳ ва хушбахтӣ барои ҳама".

XS
SM
MD
LG