Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон муҷрии "Тулӯъ нюс" ва мудири онро боздошт карданд


Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои амниятии ҳукумати Толибон шаби гузашта муҷрии ҷавон ва шинохтаи телевизиони "Тулӯъ" Баҳром Амон, ҳамчунин масъули "Тулӯъ нюс" Хплвок Софӣ ва мушовири ҳуқуқии ин расонаро дар Кобул боздошт кардаанд. Ин амалкарди Толибон ба вокунишҳое дар дохил ва хориҷи Афғонистон рӯбарӯ шуд.

Саид Шинворӣ, як хабарнигори "Тулӯъ нюс" муқими Олмон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, "Толибон як мактубро имрӯз аз сӯи вазорати амр ба маъруф ба "Тулӯъ" равон карданд ва дар он навишта шуда буд, ки баъд аз имшаб сериёлҳои хориҷиро нашр накунанд. Мо дар ин бора як хабар таҳия кардем ва дар бахши хабарии соати шаш нашр шуд. Толибон баъд аз тамошои ин хабар ба телевизион омаданд ва бо ҳамкорони мо бисёр зишт суҳбат карданд. Хплвок Софиро аз хонааш хостанд. Сипас ӯ ва Баҳром Амонро дастгир карданд ва бурданд".

Луфтуллоҳ Наҷафизода, масъули пешини "Тулӯъ нюс" шаби гузашта дар ҳисоби "Твиттер"-аш навишт, ки Хплвок Софӣ ва мушовири ҳуқуқии ин расонаҳо озод шудаанд, аммо Баҳрон Амон ҳанӯз дар банди Толибон аст.

Теливизиони форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар тафсили ин ҳодиса навишт, шоми дирӯз 15 фарди мусаллаҳ, ки зоҳиран нерӯҳои амниятии Толибон буданд, вориди дафтари телевизиони "Тулӯъ нюз" дар Кобул шуда, Баҳром Амон, гӯянда ва Хплвок Софӣ, масъули хабари ин телевизион ва яке дигар аз коркунони ин шабакаи телевизиониро боздошт кардаанд.

"Тулӯъ нюс" дар ин бора ҳанӯз чизе нагуфтааст. Масъулини ҳукумати Толибон ҳам то кунун дар ин маврид вокунише нишон надодаанд.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар паёме твиттерӣ аз боздошти худсаронаи хабарнигорони "Тулӯъ нюс" аз сӯи Толибон "нигаронии амиқ" кардааст. Ин ниҳод хостааст, афроде, ки аз сӯи Толибон рабуда шудаанд, раҳо шаванд ва ба озору таҳиди хабарнигорон ва расонаҳои мустақил поён дода шавад.

Созмони ҳуқуқи башар дар гузашта аз маҳдуди кардани озодии баён ва боздошти хабарнигорон дар Афғонистон аз сӯи Толибон нигаронӣ карда буданд. Тибқи иттилои созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи журналистон, дар ҳафт моҳи ҳукумати Толибон даҳҳо расона фаъолияти худро қатъ карда, садҳо нафар тарки вазифа кардаанд.

XS
SM
MD
LG