Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гурезаҳои Украина ба 1,5 миллион нафар расид


Муҳоҷирони украинӣ дар марз бо Украина.
Муҳоҷирони украинӣ дар марз бо Украина.

Дар давоми даҳ рӯзи амалиёти низомии Русия зидди Украина шумори гурезаҳо ба 1,5 миллион нафар расидааст. Дар ин бора Филиппо Гранди, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, хабар дод.

Ваколатдори порлумони Украина оид ба ҳуқуқи инсон Людмила Денисова гуфт, сокинони як қатор минтақаҳои аҳолинишинро, ки таҳти идораи Луганск қарор гирифтаанд, маҷбур доранд, то шиносномаи ин "ҷумҳурии мардумӣ"-ро бигиранд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Луганск шиносномаҳои украинии шаҳрвандонро маҷбуран мусодира мекунанд.

Дар ҳамин ҳол берун бурдани аҳолӣ аз шаҳри Мариупол низ ба мушкил печидааст, чун Русия ҳамлаҳоро қатъ накардааст. Қаблан, ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки барои берун шудани аҳолии осоишта долони амн боз мекунанд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, далелҳое ба даст омадаанд, ки низомиёни Русия ба мардуми осоишта ҳамла мекунанд. Ӯ гуфт, ин далелҳо ҳамчун ҷинояти ҷангӣ сабт мешаванд.

XS
SM
MD
LG