Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ бӯҳрони башарӣ дар Украинаро пешбинӣ кард


Киев, 25 феврали соли 2022. Писарбачае дар муқобили бинои бар асари ҳамлаҳои Русия осебдидаи ҳавлии хонааш нишастааст
Киев, 25 феврали соли 2022. Писарбачае дар муқобили бинои бар асари ҳамлаҳои Русия осебдидаи ҳавлии хонааш нишастааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар робита бо ҳуҷуми Русия ҳолати изтирории беҳдоштӣ дар Украинро пешбинӣ кардааст. Дар изҳороти дафтари аврупоии ин идораи вобаста ба СММ рӯзи 24-уми феврал омадааст, ки “дар шароити таҳаввулоти бисёр тунд дар Украина дафтари аврупоии СҶТ аз амният, сиҳҳатӣ ва вазъи сиҳҳатии тамоми мардуми мулкии осебдида аз бӯҳрон дар ин кишвар ва ҳам берун аз он изҳори нигаронии амиқ мекунад”. Ин созмон пешбинӣ кардааст, ки таҳаввулоти баъдӣ метавонад боиси пеш омадани фоҷеаи башарӣ шавад. Ин созмон мегӯяд, бӯҳрони беҳдоштӣ метавонад дар Аврупо ҳам эҳсос шавад. Ин созмон гуфтааст, ки дар ҳамкориву машварат бо дигар идораҳои СММ роҳҳои кӯмак ба мардум ва дастрас кардани ёрии башариро баррасӣ дорад.

XS
SM
MD
LG