Дар пайи афтодани як ҳавопаймои ҷангии F-5 дар Эрон ду халабон ва дастикам як сокини оддӣ ҷон бохтанд. Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, ҳавопаймо дар варзишгоҳи мактабе дар маҳалли аҳонишин суқут кард.
Хабаргузории давлатии ИРНА 21-уми феврал навишт, ки мақомот сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як мақоми маҳаллӣ ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, ҳавопаймо дар маҳаллаи Мунаҷҷими Табрез афтод. Вай гуфт, он замон мактаб ба далели пандемияи коронавирус баста буд.
Эрон ҳавопаймои F-5-ро, ки Амрико сохтааст, пеш аз инқилоби исломии соли 1979 харида буд. Ин кишвар даҳсолаҳо боз зери таҳримҳои Ғарб қарор дорад.