Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз шаҳрвандонаш дар Русия хост, ба ҷойҳои серодам нараванд


Сафорати Амрико дар Маскав. Акс аз соли 2021
Сафорати Амрико дар Маскав. Акс аз соли 2021

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Русия аз амрикоиҳои ин кишвар хостааст, ки дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон эҳтиёткор бошанд.

Сафорат бо нашри хабаре гуфтааст, бино ба иттилои расонаҳо, эҳтимоли хатари ҳамлаҳо ба марказҳои тиҷорӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, метро ва ҷойҳои дигари ҷамъшавии одамон дар шаҳрҳои калон, ба монанди Маскав ва Санкт-Петербург ҷо дорад.

Дар ҳафтаҳои охир дар чанд шаҳри Русия муштариҳои маконҳои ҷамъиятиро, бино ба хабарҳо дар бораи таркиш, борҳо аз биноҳо берун оварданд. Вале ҳеч кадом хабар дар бораи минакорӣ шудани биноҳо тасдиқ нашуд.

Дар хабари сафорати Амрико аз ҳамаи амрикоҳои дар Русия қарордошта хоста шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз эҳтиёт кор гиранд. Пештар аз департаменти давлатӣ аз шаҳрвандони ин кишвар хоста буд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ варзанд.

Роҳбарияти ИМА бо такя ба иттилои иктишофӣ, мегӯянд, президенти Русия Владимир Путин эҳтимол тасмими ҳамла ба Украинаро гирифтааст. Бо ин вуҷуд, дар Вашингтон мегӯянд, ҳамоно имкон дорад, ки Путинро ба интихоби роҳи дипломатӣ баргардонд.

Рӯзҳои охир Амрико ва Бритониё борҳо ҳушдор доданд, ки Русия метавонад, дар фурсатҳои наздик ба Украина ҳамла кунад. Русия инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG