Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди сахттар кардани муҷозоти муҳоҷирон дар Русия аз нав авҷ гирифт


Як рӯз баъди талаби президенти Русия ба мубориза бо қонуншиканӣ дар миёни муҳоҷирон, ваъдаи “муборизаи сахт” дар ин бахш аз минбари Шӯрои муҳоҷирати Муштараак-ул-Манофеъ садо дод. 

Як мақоми интизомии Русия мегӯяд, қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар ин кишвар боз ҳам сахттар мешавад ва агар коргари хориҷӣ қонунгузории муҳоҷиратро вайрон кард, ҷазои сахттаринаш ихроҷ аз қаламрави кишвар ва манъи вуруд ба Русия хоҳад шуд. Ин ҳарфҳоро рӯзи 18 феврал муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои раҳбарони сохторҳои муҳоҷирати кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар Маскав баён кард. Ҷаласае, ки дар шакли онлайнӣ баргузор шуд, бо иштироки мақомоти масъули кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ, аниқтараш раҳбарони Шӯроҳои сохторҳои муҳоҷирати кишварҳои узв аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон барпо шуд. Горовой гуфтааст, ки “бояд пеши роҳи ба ҷараёнҳои харобкунанда шомил шудани муҳоҷирон гирифта шавад” ва ин кор, ба гуфтааш, аз роҳи пешакӣ омода кардани муҳоҷирон барои сафар ба муҳоҷирати корӣ имконпазир мешавад. Ӯ ҳушдор додааст, ки дар сурати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират коргарони хориҷӣ “бо сахттарин шева муҷозот мешаванд”.

Ҳамзамон бо Горовой рӯзи 18 феврал котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар ҷаласае бо раҳбари минтақаи Урал "аз афзоиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ" ҳамчун падидаи ташвишовар ёд кардааст.

Изҳороти мақомот рус дар ҳоле садо дод, ки 17-уми феврал президенти Русия Владимир Путиндар ҷаласаи коллегияи ВКД ҷудогона дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза бо “нишонаҳои экстремизм” сӯҳбат кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки “ҳама гуна нишонаҳои экстремизм, вайрон кардани қонун, муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд бо билофосила аз кишвар хориҷ кардани ин нафарон анҷомад”.

Тамаркуз сари масоили муҳоҷирон дар ҳолест, ки дар Русияе, ки иқтисодаш аз пандемияи коронавирус осеб дидаву ба эҳёи дубораи он эҳтиёҷ вуҷуд дорад, бархе минтақаҳо гуфтанд, ки ба кори коргарони хориҷӣ монеа ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар як қатор соҳаҳои кор дар минтақаҳои Калуга, Ханти-Мансийск, Тюмен ва Калининград аз соли 2022 манъи қабули муҳоҷирони корӣ ҷорӣ шудааст. Аксар маҳдудиятҳо ба ронандагии таксӣ, тиҷорат, интиқоли хӯрок ва кор дар соҳаи тандурустӣ марбут аст. Ҷонибдорони ин қарорҳо мегӯянд, ҳадаф бо кор таъмин кардани сокинони маҳаллӣ мебошад, вале мунаққидон мегӯянд, чунин қарорҳо хилоф бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон буда, сокинони маҳаллӣ бо сабаби даромадҳои каму кори сангин аз ин соҳаҳо гурезон мешаванд.

Омори қонуншиканиҳо

Ба иттилои мақомоти Русия, ки 145 миллион аҳолӣ дорад, соле дар ин кишвар на камтар аз 1 миллион нафар чун муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебарад. Омори қарори ихроҷ аз хоки Русия барои нақзи қонунҳои муҳоҷират, бо сабаби мораторияи марбут ба давраи пандемия чор баробар кам шудааст. Агар соли 2019 додгоҳҳои зинаи аввал дар Русия 125 ҳазор қарори ихроҷ содир карда бошанд, соли 2020 бо сабаби пандемияву мораторияи иҷрои қарорҳои ихроҷ 33,5 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳушдор аз қонуншиканиҳо ва таҳдид ба муҳоҷирон дар ҳоле садо медиҳад, ки, соли 2021, мисли бисёр солҳои дигар, таносуби миёни қонуншиканиҳо дар Русия, ки аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвару сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ рух додааст, хеле баланд аст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар моҳҳои январ то октябри соли 2021 дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллиону 705 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки наздики 2 дарсад камтар назар ба ҳамин давраи соли 2020 будааст. Ҷинояте, ки аз ҷониби муҳоҷирон дар соли 2021 рух додааст, тахминан 34 ҳазор ҳолатро ташкил додааст, ки 6 дарсад бештар назар ба соли 2020 будааст. Аз миёни онҳо 26,4 дарсади ҷиноятҳоро шаҳрвандони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ содир кардаанд.

Украина ва муҳоҷирон

Таҳлилгарон мегӯянд, омори воқеӣ ва сӯҳбатҳо дар матбуот баёнгари он аст, ки ин навбат ҳам мавзӯи қонуншиканиҳову ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия аз будаш калонтар нишон дода мешавад. “Ин ки чанд сол пеш омори ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон камтар буду, ҳоло чанд ҳазор зиёд шудааст, аз назари ман ягон таҳдид ё хатаре надорад”, гуфт Александр Верховский, раиси маркази таҳлилии “Сова” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Созмони ӯ қонуншиканиҳо нисбати муҳоҷиронро меомӯзад ва, ба гуфтаи Верховский, аз тобистони соли гузашта эҳсос мешавад, ки матбуот ва мақомоти Русия мавзӯи муҳоҷирон ва гӯё “манбаи хатарҳои афзоянда” будани онҳоро ба гардиш даровардаанд.

Ин таҳлилгар мегӯяд, агар тирамоҳи порсол сабабаш омодагӣ ба интихобот буд, ҳоло маълум нест, ки далели онҳо чӣ аст. Ӯ мегӯяд, қонунҳои муҳоҷират ва нақзи онҳо дар бештари ҳолатҳо хусусияти фаннӣ ва ғайриҷиноӣ дорад ва изҳороти ахири мақомот ба “шадидтар кардани муҷозот дар ҳоле садо медиҳад, ки худи қонунгузорӣ иваз намешавад”. Верховский мегӯяд, маъмулан мавзӯи муҳоҷират бо ҳадафи ба тарафи дигар кашидани таваҷҷӯҳи афкори умум дар сурати пеш омадани бӯҳронҳои сиёсӣ ба таври сунъӣ доғ карда мешавад.

Валентина Чупик, раиси созмони “Тонг ҷаҳонӣ”, ки бо масоили кӯмак ба муҳоҷирону паноҳандагон дар Русия сарукор дорад, мегӯяд, шадидтар шудани мавқеи мақомоти ҳифзи қонуни ин кишвар нисбати муҳоҷирон баёнгари он аст, ки дар пасманзари бӯҳрон бо Украина мақомот мехоҳанд “қасди худро аз қишри заъиф бигиранд”.

Чупик дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19 февал дар бораи ҳарфҳои Горовой гуфт, “ин баёнгари як заволи ахлоқии комил ва талоши аз ҳисоби гурӯҳҳои заъиф боло бурдани мавқеи худ мебошад”. Ӯ мегӯяд, тамоми маҳдудиятҳову монеаҳои кор барои муҳоҷирон дар Русия ҳарчанд хилофи тақозои бозори кору иқтисодашон аст, тасмимгирандаҳои сиёсӣ “мантиқи худро доранд”. Ӯ мегӯяд, аз сӯе сахттар шудани изҳорот ё риторикаи сиёсии мақомоти Русия дар робита бо муҳоҷирон дар ҳафтаҳои охир ба таҳаввулоти Украина рабт мегирад. “Мақсади шахсиятҳои ҷудогона дар низоми мудирияти Путин бузургманишӣ аст, ки гӯё онҳо одамони бузург ҳастанд. Онҳо инро ба Украина исбот карда наметавонанд ва ҳеҷ гоҳ аз дасташон намеояд. Ҳатто агар онҳо ба ин кишвар ҳамла кунанд, аз дасташон чизе намеояд. Онҳо дар пеши чашми мардуми худ дар ҳолати таҳқиршуда мемонанд, чунки бо мардуме, ки онро дӯсту бародар меномиданд, ҷанг ташкил карданд. Дар ин ҳолат аз ҳисоби кӣ бояд бузургии худро намоиш диҳанд? Аз ҳисоби онҳое, ки мардуми худро зидди онҳо мешӯронанд. Онҳо ба ҷои таҳаммулпазирӣ дар мардумашон нажодпарастиро талқин мекунанд”.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, дар Русия солиёни зиёд аст, ки мавзӯи муҳоҷирати корӣ ва муносибат ба коргарони хориҷӣ дар баландтарин сатҳ бештар манфӣ арзёбӣ мешавад. Муҳоҷирон қишри заъифу ҳимоятношудаи ҷомеаи Русияро ташкил медиҳанд ва пайваста таҳти фишори ҳам гурӯҳҳои ҷиноятпешаи маҳаллӣ ва ҳам бархе ходимони ҳифзи қонун ҳастанд, ки аз роҳи азияту ҳабси онҳо омори мубориза бо ҷинояткориашонро боло мебаранд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG