Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт


Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва ҳамзамон сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, субҳи панҷшанбеи 17-уми феврал дар 57-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ӯро масъулини Идораи фарҳанги вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Маросими ҷанозаи ӯ асри имрӯз дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби фавти ҳунарманди шинохта чӣ будааст. Савсан Шарифзода, муовини раҳбари Раёсати фарҳанги Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Аловиддин Абдуллоев тайи ду рӯзи ахир аз фишорбаландӣ шикоят дошт. "То шаб якҷо кор кардем, манро то истгоҳ дар мошинаш бурд, ҳолаш хуб буд", -гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аловиддин Абдуллоев зодаи шаҳри Бохтар ва хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода буд ва солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард. Ин театр вижагиҳои худро дошт ва маҳз ин вижагӣ, ки бо номи "театри як ҳунарманд" маъруф аст, исми Аловуддинро дар миёни мухлисони ҳаҷв маъруф гардонд. Вай саҳнаҳои шӯху ҳазлиеро ба тамошо мегузошт, ки иҷрои чанд қаҳрамонро танҳо худаш ба ӯҳда дошт.

Аловиддин Абдуллоев то кунун дар даҳҳо намоишномаи театрӣ ва филмҳои ҳунарӣ нақш офаридаааст. Мутахассисони соҳа аз Аловуддин Абдуллоев ба унвони ҳунарманди хушсалиқаи театр ва синамо ном мебаранд. Ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт.

Як чеҳра ва чанд нақши Аловиддин Абдуллоев. (Аз бойгонӣ):

XS
SM
MD
LG