Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорон вазифадор шудаанд, Сардор Бердимуҳаммадовро ситоиш кунанд


Сардор Бердимуҳаммадов
Сардор Бердимуҳаммадов

Омӯзгорони мактабҳоро дар вилояти Лебапи Туркманистон вазифадор кардаанд, ки ҳангоми дарсҳо дар бораи "роҳи зиндагӣ ва дастовардҳо, хусусиятҳо (некӯӣ, меҳнатдӯстӣ, ақли гиро)-и Сардор Бердимуҳаммадов, писари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, нақл кунанд". Бердимуҳаммадови хурдӣ яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи прездентии Туркманистон аст.

Ба навиштаи нашрияи "Хроника Туркменистана", чунин дарсҳо аз рӯзи душанбеи 14-уми феврал ва дар тамоми мактабҳои Лебап сар шудаанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Туркманистон 12-уми март баргузор хоҳад шуд. Маъракаи интихоботӣ аз 14-уми феврал оғоз гардид.

Ҳоло 3 кас номзадиашонро дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов яке аз онҳост.

Зиндонии сиёсии пешин Гелдӣ Кяризов ва Агадҷон Бекмуродов, муовини ҳокими вилояти Марии Туркманистон низ довталаби курсии президенти Туркманистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG