Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден фармон дар бораи пулҳои Афғонистонро содир кард


Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико як фармонеро имзо кард, ки бар асоси он қисме аз 7 миллиард доллар аз захираҳои молии Афғонистон барои кӯмак ба мардуми он кишвар харҷ мешавад.

Баъди ба қудрат омадани Толибон дар моҳи август дар Афғонистон, Амрико ҳукумати онҳоро аз ҳаққи дастрасӣ ба ин пули давлат маҳрум кард. Бар асоси фармон, Амрико дар моҳҳои оянда як бунёдеро таъсис медиҳад, ки он нисфе аз 7 миллиард долларро барои кӯмакҳои хайрия дар Афғонистон харҷ мекунад.

Бақияи пул, яъне севуним миллиард доллар дар Амрико мемонад ва барои муҳокимаи додгоҳии парвандаҳое харҷ мешавад, ки бо талаби хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 боз шудаанд. Оилаҳои қурбониён Толибонро ба терроризм ва паноҳгоҳ додан ба аъзои созмони террористии Ал-қоида, масъули ҳамлаҳо муттаҳам мекунанд.

Кохи Сафед дар як баёнияи расмӣ гуфт, фармони Байден “барои боз кардани роҳ ҷиҳати кумак ба мардуми Афғонистон ва айни замон наафтодани ин пулҳо ба дасти Толибон унсурҳои шарир пешбинӣ шудааст.” Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар Твиттер фармони Ҷо Байденро танқид карда онро “дуздӣ ва ғорат”-и пулҳои Афғонистон номид.

XS
SM
MD
LG