Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, киштиаш ба қаламрави обии Русия ворид нашудааст


Киштии зериобии Амрико. Акс аз бойгонист.
Киштии зериобии Амрико. Акс аз бойгонист.

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, иддаои вазорати дифои Русия, ки як киштии зериобии атомии Амрико ба қаламравҳои обии Русия дар наздикии Ҷазираҳои Курил ворид шудааст, “ҳеч ҳақиқат” надорад.

Кайл Рейнс, сухангӯи вазорат рӯзи 12-уми феврал дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки Амрико ҳеч гуна амалиёте дар қаламравҳои обии Русия анҷом надодааст. Ӯ гуфтааст, ки иддаои мақомоти Русия ҳеч ҳақиқат надорад, вале афзудааст, ки макони дақиқи киштиҳои зериобии Амрикоро намегӯяд. Айни замон ба қавли ӯ, “мо дар қаламравҳои обии байналмилалӣ бехатар парвоз, шино ва амал мекунем.”

Пештар аз ин Русия гуфт, як киштии зериобии Амрикоро, ки ба дархостҳо барои берун омадан аз об ҷавоб надод, аз қаламраваш рондааст. Ба гуфтаи маршал Шапошников аз Сипоҳи Русия дар Уқёнуси Ором, онҳо барои берун рондани сафинаи амрикоӣ аз қаламравҳои обии Русия аз “васоили муносиб” истифода бурданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс” киштии амрикоиро ҳангоми тамринҳои низомӣ мушоҳида кардаанд. Русия Амрикоро ба помол кардани қонунҳои байналмилалӣ ва таҳдид ба амнияти миллиаш муттаҳам карда ва бо даъвати атташеи низомии Амрико ба вазорати умури хориҷӣ ба ӯ ёддоште супурда ва гуфтааст, чунин ҳолатро дар оянда таҳаммул нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG