Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Узбекистон то соли 2026 ҳалқаи ягонаи энержии худро месозад

Шавкат Мирзиёев

Узбекистон нақша дорад, аз ҳисоби бунёди шабакаи баландшиддати барқии 500-750-киловатсоатӣ низоми ягонаи ҳалқаи энержӣ таъсис диҳад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ин бора 30-юми январ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаҳо дар бахши варзиш, тандурустӣ, энергетика ва ҷавонон хабар додааст.

Ба гуфтаи Мирзиёев, қарор аст, то соли 2026 иқтидори умумии истеҳсоли барқ дар Узбекистон ба 27 ҳазору 400 мегават ва истеҳсоли солона то ба 110 миллиард киловат-соат расонда шавад.

"Сипас, ҳамаи минтақаҳои кишвар бо бунёди низоми ягона ба шабакаи устувори 500-750-киловатӣ пайваст хоҳанд шуд," -- афзудааст ӯ.

Рӯзи 25-уми январ дар Қирғизистон ва баъзе аз минтақаҳои Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқ қатъ шуд. Котиби матбуотии Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон Жийде Зоотбекова гуфт, ин мушкил дар пайи садама дар ҳалқаи ягонаи энержӣ ба миён омад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тазоҳуроти занон дар чаҳор шаҳри Қазоқистон

Тазоҳуроти занон дар Қазоқистон. 14 май,2022.

Сокинони Қазоқистон рӯзи 14-уми май якбора дар чаҳор шаҳри он кишвар - Нурсултон, Алмато, Оқтеппа ва Костанай бо талаби поин бурдани синни нафақа барои занон, тазоҳурот карданд.

Тазоҳуротҳоро намояндагони созмони "Ҳаракати бонувони Қазоқистон барои поин бурдани синни нафақаи занон" дар мувофиқа бо мақомот баргузор кардааст.

Тазоҳургарон талаб карданд, ки синни баромадан ба нафақа барои занон то ба 58-солагӣ муайян карда шавад.

Қарор аст, то соли 2027 синни ба нафақа баромадани занону мардон ба 63-солагӣ баробар карда шавад. Ҳоло ҳар соле синни ба нафақа баромадани занонро 6 моҳ тамдид мекунанд. Занон талаб доранд, ки онҳоро дар 58-солагӣ ба нафақа фиристанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон бештар аз 2 миллион нафақахӯр мавҷуд аст.

Даъвати "Ҳафтгонаи бузург" аз Чин ва Белорус

"Ҳафтгонаи бузург" 14-уми май, баъди ба поён расидани мулоқоти серӯзаи худ дар Олмон изҳоротеро нашр кард.

Ин гуруҳи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, аз Чин даъват карданд, ки соҳибихтиёрии Украинаро ҷонибдорӣ намуда, ба Русия кумак накунад ва ҳушдор доданд, ки ҷанги беасоси Москва алайҳи Киев тамоми ҷаҳонро таҳдид карда, бӯҳрони ҷиддии ғизоӣ ва энержиро дар пай дорад.

"Ҳафтгонаи бузург" ҳамчунин аз Пекин хостанд, ки “аз истифодаи тақаллуби иттилоотӣ, маълумоти бардурӯғ ва дигар василаҳо барои қонунӣ кардани ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина худдорӣ кунад”.

Ба ҷуз ин, аз ҳампаймони Русия - Белорус даъват шудааст, то "ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро ва ҷонибдории амалиёти низомии Москваро дар Украина қатъ кунад".

Нишасти кишварҳои “ҳатфгонаи Бузург” аз соли 2014 баргузор мешавад ва дар он Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Британия Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуҳои байналмилалиро баҳс мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони СПАД ба Маскав рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 16-уми май бо сафари корӣ ба Маскав рафт. Тибқи иттилои расоранҳои давлатии Тоҷикистон, оқои Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар дар ҳамоиш сарони кишварҳои узви СПАД, ки ба 30-солагии имзои қарордоди амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад.

Котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки дар ин мулоқот президент президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Русия ва сарвазири Арманистон иштирок мекунанд.

Интизор меравад, сарони СПАД масоили калидии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмон, мушкилоти мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин тадбирҳои такмили минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъиро баррасӣ кунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви созмон ҳастанд. Ин созмони низомӣ таҳти нуфузи Русия мебошад ва бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои Украина, коршиносон бар ин назаранд, ки ояндаи СПАД аз муваффақият ё бохти Маскав вобаста аст.

Гумонбари тирпарронӣ дар Ню-Йоркро дастгир карданд

Дар як тирпарронӣ дар фурӯшгоҳи шаҳри Буффалои иёлати Ню-Йорк даҳ кас кушта ва се нафар захмӣ шудаанд.

Шабакаи телевизионии CNN хабар дод, ки пулис бо гумони даст доштан дар ҳодиса ҷавони 18-соларо дастгир кард. Гумон меравад, ӯ дар заминаи адовати нажодӣ ин корро кардааст.

Телевизиони CBS ба нақл аз полис гуфт, ҷавон шаби 14-уми май туфангча ба дасту ҷавшан ба тан ба фурӯшгоҳи Tops Friendly Markets даромад ва ҳодисаро тавассути Twitch нишон дод.

Посбони фурӯшгоҳ, пулиси бознишаста, ба сӯи ҷавон чанд тир холӣ карда, вале аз ҷавшану кӯлоҳ нагузаштааст. Ҳамлавар дертар худи посбонро куштааст.

Маъмурони пулис гуфтаанд, ӯ пеш аз онки ба фурӯшгоҳ дарояд, дар истгоҳ се нафарро кушта ва як касро маҷрӯҳ карда буд.

Ба иттилои CNN, гумонбар Пэйтон Гендрон аст ва агар гуноҳаш исбот шавад, ба ҳабси якумрӣ маҳкум хоҳад шуд.

Ҷумҳурихоҳони Сенат ба Украина рафтаанд

Вохӯрии чаҳор сенатори ҷумҳурихоҳ бо президент Владимир Зеленский. Киев, 14-уми майи 2022

Раҳбари Ҷумҳурихоҳони Сенати Амрико Митч МакКоннелл ба Киев, пойтахти Украина, рафтааст.

Ӯро дар ин сафари аз пеш эълоннашуда сенаторҳои дигари Ҷумҳурихоҳ, Сюзан Коллинз, Ҷон Баррассо ва Ҷон Корнин ҳамроҳӣ карданд.

Онҳо ба нишони пуштибонӣ аз Украина рӯзи 14-уми май бо президент Владимир Зеленский вохӯрданд.

Зеленский ин сафарро "пуштибонии қавии Конгресс ва мардуми Иёлоти Муттаҳида аз Украина" номид.

Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки даври нави сармоягузории Амрико ба Украина ба далели эътирози як узви Ҷумҳурихоҳи Сенат "банд мондааст".

Сенат кӯшиш дорад, бастаи тақрибан 40-миллиарддоллариро барои Украина тасдиқ кунад. Сенатор Рэнд Пол мехоҳад, хароҷоти навро санҷиш кунанд.

Медали тиллои паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё

Акс аз бойгонӣ

Абубакр Шеров, гуштигири тоҷик, дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон медали тилло гирифт. Мусобиқа ба хотираи Бакет Маҳмудов, варзишгари маъруфи қазоқ, дар шаҳри Алмато баргузор шуд.

Абубакр дар рӯзи дуюми мусобиқа – 14-уми май – дар сабқати ҷавонон дар вазни то 66 кило бо шикаст додани ҳамаи рақибонаш ба финал роҳ ёфт.

Паҳлавони ҷавон дар қувваозмоии ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа миёни наврасон ҳудуди 300 варзишгар ва байни ҷавонон беш аз 200 варзишгар аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ доштанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон

Наврасон:

-52 кило – Фотимахон Гадоева;

-55 кило – Ҷасур Лутфишоев;

-60 кило – Худодод Шанбиев;

-66 кило – Ҷаъфари Ҷаъфар;

-66 кило – Мӯсо Саъдуллоев.

Ҷавонон:

-66 кило – Саидашраф Лоиқов;

-66 кило – Абуҳанифа Қурбонбозор;

-66 кило – Абубакр Шеров;

-73 кило – Ҳоҷибек Муҳтодов;

-81 кило – Суннатулло Лоиқов;

-81 кило – Мизробшо Лоиқов;

-90 кило – Муҳсин Маллаев;

-100 кило – Парвиз Абдураҳмонов.

15 сол зиндон. Як сокини Файзободро барои задани вакил ҷазо додаанд

Акс аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Файзободро бо гуноҳи бо табар задани вакили деҳа ба 15 сол зиндони низомаш сангин маҳкум карданд.

Ҳодиса моҳи октябри соли 2021 рӯй дода, ҳукм моҳи апрели имсол содир шудааст. Тафсилоташро Додситонии кулли Тоҷикистон 13-уми май расонаӣ кард.

Мавқеи наздикон ё вакили мудофеи маҳкумшуда дастрас нест.

Додситонии кул дар баёнияе гуфт, Нуриддин Камолов, сокини деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод, 24-уми октябри соли гузашта вакили деҳа Қурбоналӣ Давлатовро барои роҳнамоӣ кардани маъмурони Хадамоти оташнишонӣ ба хонааш бо табар задааст.

Он замон Камоловро ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо истифода аз асбоби худсохт муттаҳам карданд. "Нуриддин Камолов бо табар ба Қурбоналӣ Давлатов ҳамла кардааст, ки дар натиҷа гарданаш захм бардошта, дасташ шикаст," – гуфтанд дар ин ниҳод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи ин сокини ноҳияи Файзободро бар асоси моддаи "суиқасд ба куштор" баррасӣ кардааст. Маълум нест, ки дар мурофиа чӣ гузашта ва Нуриддин Камолов сабаби рафторашро чӣ гуна шарҳ дода.

Вакили деҳа дар Тоҷикистон як вазифаи ҷамъиятӣ аст. Онҳо аз буҷаи давлат маош намегиранд, аммо ба ниҳодҳои давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояшон дар маҳал ёрӣ медиҳанд.

Кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо баҳонаи пешгирӣ аз сӯхтор дар манзили мардум ва корхонаҳо санҷиш мегузаронанд. Дар Идораи оташнишонии ноҳияи Файзобод гуфтанд, ин як санҷиши маъмулӣ буд.

Баъзе аз сокинон аз зиёдаравии онҳо ва инчунин нозирони барқ шикоят доранд.

Як ҳамсояи Русия гуфт, барои пайвастан ба НАТО дархост медиҳад

Cарвазири Финландия Санна Марин ва президенти он кишвар Саули Ниинистё. Ҳелсинкӣ, 15-уми майи 2022

Раисҷумҳур ва нахуствазири Финландия гуфтанд, ки ин кишвари ҳамсояи Русия қасд дорад, барои узвият дар паймони низомии НАТО дархост бидиҳад. Ин тасмим дар пасманзари таҷовузи Маскав ба Украина сурат мегирад.

Президент Саули Ниинистё ва сарвазир Санна Марин 15-уми май дар нишасти хабарии муштарак дар Ҳелсинкӣ ин рӯзро “таърихӣ” номиданд.

“Имрӯз президенти ҷумҳурӣ ва Кумитаи сиёсати хориҷии ҳукумат розӣ шуданд, ки Финландия баъди машварат бо парлумон узвият дар НАТО-ро дархост кунад. Ин як рӯзи таърихӣ аст. Давраи нав фаро расид,” – гуфтанд онҳо.

Финландия бо Русия 1300 километр сарҳад дорад ва 75 сол боз аз пайвастан ба блокҳои ҳарбӣ парзеҳ мекард, аммо таҷовузи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол дидгоҳҳоро дар ин маврид дигар кардааст. Ҳафтаи гузашта президент ва нахуствазири Финландия гуфта буданд, ҳарду ҷонибдори узвият дар НАТО ҳастанд.

Русия гуфтааст, пайвастани Ҳелсинкӣ ба паймони низомӣ “иштибоҳ хоҳад буд” ва ба равобити дуҷониба осеб мерасонад. Саули Ниинистё дар оғози ҳафтаи гузашта гуфта буд, пайвастани кишвараш ба НАТО “ба зидди ҳеч кас нахоҳад буд”. Вай гуфт, ба ин кор Русия сабаб шудааст ва аз мақомоти он кишвар хост, “ба оина бинигаред”.

Порлумони Финландия ин тасмимро рӯзҳои наздик қабул хоҳад кард.

Ин эъломия дар ҳоле паҳн шуд, ки дипломатҳои баландпояи НАТО рӯзи 15-уми май дар Берлин масъалаи мадади бештар ба Украина ва иқдоми Финландия, Шветсия ва кишварҳои дигарро барои пайвастан ба паймони низомӣ баррасӣ мекунанд.

Бритониё гуфт, суръати ҳамлаи Русия "суст шудааст"

Русия 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард

Истихбороти низомии Бритониё рӯзи 15-уми май гуфт, суръати ҳамлаи Русия ба минтақаи Донбасси Украина суст шуда, ин ҳамла тибқи ҷадвали таъиншуда пеш намеравад.

Бар асоси эъломияи Вазорати дифои Бритониё, Русия мумкин аст сеяки нерӯҳои заминии худро, ки дар моҳи феврали имсол ба ҷанг дар Украина сафарбар шуда буданд, аз даст дода бошад.

Русия 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Ҳангоме ки ба тасарруфи Киев комёб нашуд, ба Донбасс, шарқи он кишвар, рӯй овард, ки минтақаҳои Луҳанск ва Донетскро дар бар мегирад.

Вазорати мудофиаи Бритониё мегӯяд, нерӯҳои русӣ бо вуҷуди пешрафтҳои андак дар як моҳи гузашта минтақаҳои нисбатан бузургро дар Донбасс тасарруф накарда, пайваста талафоти бузург доштаанд.

Низомиёни бритониёӣ пешбинӣ мекунанд, ки бо назардошти шароити ҳозира имкон надорад, ки нерӯҳои Русия пешрафти худро дар сӣ рӯзи оянда ногаҳонӣ суръат бахшанд.

Ҳамзамон як мансабдори баландпояи НАТО гуфт, ба назар мерасад, пешрафтҳои Русия дар ҷанг дучори сустӣ шуда ва ӯ ба пирӯзии Украина ибрози умед кард.

Дипломатҳои НАТО дар нишасти рӯзи якшанбе дар Берлин дар бораи ёриҳои бештар ба Украина ва масаълаи пайвастани Финландия, Шветсия ва дигарон ба ин паймони низомӣ баҳсу гуфтугӯ мекунанд. Ин кишварҳо мехоҳанд, дар баробари таҳдидҳои Русия ба НАТО бипайванданд.

Буданов иддао кард, ки Путин "сахт бемор аст". Кремл аз солимии ӯ мегӯяд

Владимир Путин дар паради бахшида ба 77-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ. Маскав, 9-уми майи 2022

Раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, генерал Кирил Буданов, иддао дорад, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин "сахт бемор аст" ва мансабдорони баландпояи норозӣ аз сиёсатҳои ӯ "аллакай барои аз қудрат ронданаш омодагӣ мегиранд".

Буданов дар ин бора дар мусоҳиба бо телевизиони бритониёии Sky News изҳорот дод. Ба қавли вай, "Путин мубталои бемории саратон аст", вале манбаи изҳороташро дар бораи вазъи саломатии раисҷумҳури Русия фош накард.

Кирил Буданов дар ин суҳбат пешбинӣ кардааст, ки задухӯрдҳо миёни Русия ва Украина то охири имсол идома ёфта, нуқтаи авҷаш моҳи август фаро хоҳад расид.

Ба қавли раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, дар пайи ҷанг, Киев назорат бар тамоми қаламравҳои аздастрафтаашро, аз ҷумла дар Донбас ва Қрим, дигарбора ба даст хоҳад овард.

Рӯзномаи "Таймс" низ рӯзи 14-уми май дар бораи мушкили саломатии Владимир Путин хабар дод. Нашрия ба сабти суҳбате ишора кардааст, ки гуё моҳи марти имсол миёни як олигархи рус ва сармоягузори ғарбӣ анҷом шудаву онро маҷаллаи амрикоии New Lines ба даст овардааст.

Дар ин суҳбат тоҷири рус иддао кардааст, ки "Путин аз саратони хун ранҷ мекашад".

Чанде пеш пойгоҳи "Проект" таҳқиқотеро нашр кард, ки бинобар он табибон, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои онкологӣ, бавижа саратони сипаршакл, ба "хабаргирӣ"-и Путин мераванд.

Нишастани ғайримуқаррарии Путин дар дидор бо вазири мудофиаи кишвараш, Сергей Шойгу, дар моҳи апрели имсол таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб карда буд.

Дар Кремл дар бораи вазъи саломатии Путин изҳори назар намекунанд ва ё мегӯянд, ки президент солиму бардам аст. Путин дар миёни мардум зиёд пайдо намешавад, аммо ҳафтаи гузашта дар Иди 9-уми май дар Маскав ва чанд вохӯрӣ иштирок кард.

Владимир Путин 69-сола аст. Тибқи ислоҳ ба Конститутсияи Русия, ки бо ташаббуси ӯ қабул шуд, дар сурати дубора интихоб шудан, метавонад, то соли 2036 дар қудрат бимонад.

Гурӯҳи украинӣ барандаи “Евровидение 2022” шуд

Турини Итолиё. Гуруҳи мусиқии "Калуш Оркестра"

Гуруҳи мусиқии “Калуш Оркестра” аз Украина дар мусобиқаи имсолаи “Евровидение”, ки 14-уми май дар Итолиё баргузор шуд, ҷойи аввалро гирифт.

Ин гуруҳ таронаеро ба забони украинӣ ва иборат аз рэпу мусиқии маҳаллии ин кишвар иҷро кард.

Бар асоси ройгирии ҳайати доварон, иҷрои “Калуш Оркестра” мақоми чаҳорум, аммо бинобар ройгирии бинандагон мақоми нахустро гирифт.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёме ин муваффақиятро табрик гуфт.

Вай хабар дод, ки шаҳри бандарии Мариупол, ки дар пайи ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина дар моҳҳои охир вайрон шудааст, мизбони рақобати “Евровидение” дар соли оянда хоҳад буд.

“Евровидение” дар соле як бор ва миёни кишварҳои қораи Аврупо баргузор мешавад. Барандагон мизбони соли баъдии ин рӯйдоди ҳунарӣ ҳастанд.

Раҳбари Исроил барои ҳамдардӣ ба Иморот меравад

Парчами Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб

Исҳоқ Ҳерзог, президенти Исроил, рӯзи 15-уми май барои изҳори ҳамдардӣ ба даргузашти Халифа бин Зоид ал-Наҳён ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад.

Халифа бин Зоид ал-Наҳён, раисҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Араб, рӯзи 13-уми май, пас аз солҳои дарози ҳукуматдорӣ, даргузашт.

Дафтари Ҳерзог гуфт, ӯ бояд бо президенти нави Имороти Муттаҳидаи Араб, Шайх Муҳаммад бин Зоид ал-Наҳён ва сарони кишварҳои дигар мулоқот кунад.

Имороти Муттаҳидаи Араб соли 2020 дар бораи барқарор кардани равобити дипломатӣ бо Исроил созишнома имзо кард.

Пештар танҳо ду кишвари арабӣ – Миср ва Урдун – бо Исроил муносибати дипломатӣ доштанд.

Тоҷикистон – мизбони мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023

Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишварҳоеро, ки тирамоҳи имсол мизбони мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) мешаванд, эълон кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-соларо, ки аз 1-ум то 9-уми октябри соли равон доир мегардад, даҳ кишвар – Австралия, Бангладеш, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Умон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ветнам – қабул мекунанд. Дар ин ҷо даҳ гурӯҳ ташкил мешавад: шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ва чаҳор гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки аз 3-юм то 20-уми майи соли 2023 дар Баҳрайн барпо мегардад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

Кишварҳои мизбони гурӯҳҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола Баҳрайн, Индонезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Умон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мешаванд. Мусобиқаи интихобӣ аз 10-ум то 18-уми сентябри имсол доир мегардад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 44 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим мешаванд: шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ва чаҳор гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли 2023 дар Узбекистон баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ пайдо мекунанд.

Вазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи сарҳадро баррасӣ кардаанд

Ин хона дар низои моҳи апрел вайрон шуд.

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар як мулоқот дар Душанбе масъалаи таъйину аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ карда ва гуфтаанд, ки омодаи ҳалли мушкилот дар ин самт ҳастанд.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки мулоқоти Сироҷиддини Муҳриддин ва Ҷеенбек Қулубоев рӯзи 13-уми май дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе сурат гирифтааст.

Дар баёния омадааст, ки “Тарафҳо ба омодагӣ барои ҳалли масоили таъйину аломатгузории марзи давлатӣ таъкид карда ва гуфтаанд, ки зарур аст, то мулоқотҳои гуруҳҳои харитакашӣ барои таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон идома ёбад.”

Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр сарҳад доранд ва то кунун беш аз 300 километри он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми деҳоти марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину обу чарогоҳ ҷанг мекунанд. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рӯй дод ва дар давоми се рӯз аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд

Акс аз бойгонист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ авзоъи ноороми Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 13-уми май хабар дод, ки сарони ду кишвар ҳангоми суҳбат “ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Ба гуфтаи дафтари матбуот, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ гуфтугу кардаанд.

Суҳбати телефонии ду раҳбар чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ эълон кард, ба хоки Тоҷикистон 7 мушак партоб кардааст. Ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, тирҳо тасодуфан ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, вале бо вуҷуди ин неруҳои марзбониро ба ҳоли омодабоши комили ҷангӣ даровардаанд.

Дар Эрон 22 тазоҳургарро дастгир кардаанд

Шаҳри Иза

Мақомоти Эрон 22 нафар аз тазоҳургаронеро дастгир кардаанд, ки ба зидди болоравии қимати маводи ғизоӣ дар ду шаҳри ҷанубуғарбии кишвар эътироз доштанд.

Доир ба тазоҳурот дар дигар шаҳрҳои Эрон низ гузориш мерасад. Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳамин ҳафта дар бораи чораҳои нави иқтисодӣ ва сарфаҷӯӣ аз ҷумла, коҳиши ёронаҳо ва афзоиши қимати маводи ғизоӣ ба мисли орд ва равған эълон дод.

Баъди ин дар чанде аз шаҳрҳои ҷанубуғарбии Хузистон мардум эътироз карданд, ки дар онҷо бино ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА ҳукумат як ҳафта дастрасӣ ба Интернетро қатъ кардааст. Видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар шаҳрҳои Дезфул ва Моҳшаҳр мардум ба зидди Раисӣ ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон шиор медиҳанд.

Бино ба баъзе аз гузоришҳо, неруҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурдаанд. Тазоҳургарон дар шаҳри Иза ба мағозаҳо ҳамла карда ва хостаанд, масҷидеро оташ зананд. Дар Эрон мардуми зиёде ба сабаби таҳримоти сахти иқтисодии Амрико ва мудирияти нодурусти иқтисод, зиндагиашонро ба сахтӣ мегузаронанд.

Зеленский гуфт, “касе намедонад, ин ҷанг чӣ қадар тӯл мекашад.”

Владимир Зеленский, зимни суханронӣ дар рӯзи 12-уми май

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ҳарчанд артиши кишвараш ҳама корро мекунад, то неруҳои Русияро аз қаламрави Украина берун созад, вале “касе пешбинӣ карда наметавонад, ки ин ҷанг чӣ қадар тӯл мекашад.”

Ӯ ҳангоми муроҷиати шабонааш ба мардум дар рӯзи 13-уми май гуфт, натиҷаи ҷанг на танҳо ба мардуми Украина “балки шарикони мо дар Аврупо ва тамоми ҷаҳони озод бастагӣ дорад”. Баъди оғози ҷанг дар моҳи феврал неруҳои Русия дар Украина талафоти зиёд додаанд ва амалиёти онҳо дар шарқи Украина, баръакси хостаи Маскав, ба кундӣ пеш меравад.

Русия натавонист, тамоми Украинаро зуд гирифта ва неруҳои Украинаро иҳота кунад ва акнун Киев мегӯяд, ки ҳоло “марҳилаи саввуми “ ҷанг расидааст, ки дар он неруҳои Русия саъй доранд, қаламравҳои ишғолкардаашонро муҳофизат намоянд.

Ба гуфтаи Владимир Зеленский, “Ин кор нишон медиҳад, ки онҳо нақшаи ҷанги дарозеро доранд.” Мушовири вазири умури дохилии Украина рӯзи 13-уми май зимни суҳбати телевизионӣ гуфт: “Зоҳиран Маскав фикр мекунад, ки бо дароз кардани ҷанг Ғарбро маҷбур мекунад, сари мизи музокиротро биёяд ва Украина таслим шавад.”

Русия гуфт, агар Финландия ва Шветсия ба НАТО пайванданд...

Александ Грушко, сафири Русия дар НАТО буд.

Бо омодагии Финландия ва Шветсия барои дархости узвият дар НАТО, ҳукумати Русия гуфт, ки вокуниши кишвар ба пайвастани ду кишвари шимоли Аврупо ба паймони низомии ғарбӣ ба навъи сохторҳои низомие вобаста хоҳад буд, ки дар ин кишварҳо ҷойгир карда мешаванд.

Александр Грушко, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи 14-уми май гуфт, ки узвияти Финландия ва Шветсия зарурати тағйироти стротегиро ба вуҷуд меорад ва агар неруҳои НАТО ба марзҳои Русия наздиктар шаванд, Кремл “тадбирҳои ҷавобии муносиб” меандешад. Финландия ва Шветсия, ки умдатан кишварҳои бетараф ҳастанд, баъди таҷовузи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврал ба андешаи узвият дар НАТО афтоданд.

Русия як сабаби асосии ҳамларо майли Украина ба пайвастан ба НАТО гуфтааст. Ҳизби ҳокими Сотсиал-Демократи Финландия шояд тарафдориаш аз пайвастан ба НАТО-ро эълон кунад, ки роҳро барои дархости расмии узвият дар рӯзҳои оянда ҳамвор мекунад. Интизор меравад, ҳукумати Шветсия ҳам қарорашро ба зудӣ эълон кунад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО рӯзи 14-уми май дар Берлин ҷамъ омада ва аз ҷумла масъалаи узвияти эҳтимолии Финландия ва Шветсияро баррасӣ мекунанд. Бисёре аз кишварҳои узв тарафдориашонро аз қабули ҳарду кишвар изҳор доштаанд, вале Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 13-уми май гуфт, назараш дар бораи узвияти Финландия ва Шветсия ба НАТО мусбат нест. Агар як кишвари узви НАТО мухолиф бошад, ҳеч узви наве қабул карда намешавад.

Хабарнигори Озодӣ ва BBC-ро ба нишасти Лавров роҳ надоданд. Чаро?

Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, баъди анҷоми нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ, нишасти хабарӣ баргузор кард. Аммо ба ҷуз аз намояндагони расонаҳои давлатии Русия ба дигар хабарнигорон, аз ҷумла кормандони Радиои Озодӣ, Настояшее время ва BBC иҷоза надоданд, то бо Лавров суҳбат кунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Кохи Сомон иттилоъ медиҳад ки кормандони Вазорати корҳои хориҷии Русия ба онҳо гуфтанд, ҳаққи сабти нишасти Сергей Лавровро надоранд. Вале намояндагони ВКХ Русия нагуфтанд, ки чаро ба ҷуз аз расонаҳои давлатии Русия дигарон ҳаққи ширкат дар нишасти хабарии Сергей Лавровро надоранд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суҳбат бо расонаҳои давлатии ин кишвар дар Душанбе, таҳримои ҷорикардаи Ғарб алайҳи Русия дар робита ба ҷанг Украинаро "яктарафа ва ғайриқонунӣ" номид. Ӯ гуфт, дар бораи "амалиёти махсус"-и Русия дар Украина ба ҳамтоёнаш аз Белорус, Қазоқистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ суҳбат кардааст.

Лавров гуфтааст, амалкарди Ғарбро маҳкум мекунанд, ки "бо аз байн бурдани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ равон шудааст."

"Ҳама таъкид карданд, ки таҳримҳои якҷонибаи Ғарбро қабул намекунанд,"--афзуд Лавров. Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ паси дарҳои баста баргузор шуд ва дақиқ нест, ки ширкатдорон дар бораи ҷанг дар Украина чӣ гуфтаанд ва кадом мавқеъро гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омада буд. Ин нишаст паси дарҳои баста баргузор шуд.

Узбекистону Қирғизистон аломатгузории марзро оғоз карданд

Марзи Қирғизитону Узбекистон.

Нахустин ҷаласаи гуруҳҳои кории Қирғизистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ 5 - 7 майи соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шудааст.

Намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар умури марзӣ Назирбек Борубоев гуфт, дар ҷаласаи 5-7 май ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатиро оғоз кунанд.

"Ин нахустин мулоқот дар бораи таъйини марзҳо буд. Мо бо ҷониби Узбекистон созиш кардем, ки тобистон аломатгузориро аз гузоштани чӯбҳо дар хати сарҳадӣ оғоз кунем. Муайян кардани минтақаҳо низ шуруъ мешавад. Гуфтушунид роҷеъ ба минтақаҳои баҳсии дигар идома хоҳад ёфт", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Борубоев, мулоқоти навбатии гуруҳҳои корӣ дар Узбекистон баргузор карда мешавад.

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии CAFA миёни наврасони то 16-сола оғоз меёбад

Tajikistan,Dushanbe city, CAFA logo.

Шоми имрӯз, 13-уми май, дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола шуруъ мешавад, ки то рӯзи 20-уми май идома хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Дар даври аввали мусобиқа 13-уми май ду бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон – Эрон (соати 18:00) ва Афғонистон – Қирғизистон (соати 21:00) доир мегардад.

Футболбозони навраси тоҷик бошанд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 14-уми май бо дастаи Қирғизистон, 16-уми май бо тими Афғонистон, 18-уми май бо мунтахаби Узбекистон ва 20-уми май бо тими Эрон рақобат мекунанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар як нишасти хабарии пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии CAFA гуфт, «ин мусобиқа яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо ба ҳар як бозӣ хуб омодагӣ мегирем.»

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.

Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон,Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

13 май (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 Тоҷикистон – Эрон

Сафири ИМА дар Душанбе гуфт, теъдоди беҷошудаҳо дар Украина аз аҳолии Тоҷикистон бештар аст

Ҷон Марк Поммершайм, Сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Сафири Амрико дар Душанбе гуфт, шумораи беҷошудаҳои украинӣ бар асари ҳамлаи Русия, ба 11 миллион нафар мерасад, ки аз аҳолии Тоҷикистон бештар мебошад. Ин матлабро Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе баён дошт.

Ба гуфтаи оқои Поммершайм, аз ин теъдод 6 миллион нафар кишварашонро тарк карданд, ки шумораи онҳо аз нисфи аҳолии Тоҷикистон зиёдтар аст.

Ҳамлаи Русия ба Украина рӯзи 24-ум феврали имсол оғоз шуд ва то кунун бар асари ин ҷанг садҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар миёни кушташудаҳо занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

Ин ҷанг боиси беҷо шудани миллионҳо нафар дар Украина шуд ва аксари украиниҳо ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Лаҳистон, Молдова, Руминия ва дигар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд.

Мақомоти амрикоӣ қаблан гуфта буданд, ки то ҳудуди 100 ҳазор паноҳандаи украиниро дар қаламрави худ қабул мекунанд.

IPPF: Дар Туркманистон ҳуқуқи занон маҳдудтар шудааст

Занони туркман. Акс аз бойгонӣ.

Назорати сартосарӣ ва маҳдудиятҳои бешумори мақомоти Туркманистон нисбати занҳо таваҷҷуҳи созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқро ҷалб кардааст.

Федератсияи байналхалқии банақшавии хонавода (IPPF) гузоришеро дар мавриди маҳдудиятҳое нашр кард, ки мақомоти Туркманистон давоми чанд моҳи охир нисбати занҳо ҷорӣ кардаанд. IPPF ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунад, ба ҳамлаҳо нисбати ҳуқуқи занон дар Туркманистон муқобила кунад.

"Туркманҳо умед доштанд, ки президенти навтаъйини онҳо Сардор Бердимуҳаммадов дар муқоиса бо падараш, роҳҳои пешрафтатарро интихоб мекунад, аммо иштибоҳ карданд. Шуруъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукумати он кишвар назорати ҷисми занро ба сатҳи комилан нав баровард: исқоти ҳамл амалан манъ шуд, хадамоти ороишӣ маҳдуд гардид, занҳоро аз нишастан дар нишастгоҳи пеши нақлиёт манъ карданд", - хабар додааст IPPF.

Ин созмон, ки дар бештар аз 40 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад, хабар медиҳад, ки дар Туркманистон қонуне дар бораи хушунати хонаводагӣ мавҷуд нест, барномаҳои миллӣ ва механизми пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ вуҷуд надорад.

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад

Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 13 май, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омадааст.

Ҳадаф аз сафари Лавров иштирок дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Ин яке аз сафарҳои камшумори Лавров ба хориҷ пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол ба шумор меравад.

Дар кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва намояндагони вазорати корҳои хориҷии Узбекистону Туркманистон низ ширкат мекунад.

Ғолибони Green Card муайян шуданд, тақдири ғолибони як соли пеш номаълум аст

Belarus - Green Card

Рӯзҳои истироҳати гузашта Вазорати корҳои хориҷии ИМА натиҷаҳои лотереи грин-корти амрикоиро эълом кард. Ғолибони лотереяҳо имкони дарёфти истиқомати муваққат ва дар оянда шаҳрвандии ИМА-ро пайдо мекунанд.

Бархе аз узбекистониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ғолиби лотерея шудаанд. Дар Узбекистон, ки 35 миллион сокин дорад, сафи хоҳишмандони кӯч бастан ба ИМА меафзояд.

Ҳамасола бештар аз 2 миллион сокини Узбекистон дар лотереяи Green Card ширкат мекунанд.

Сокинони Самарқанд ҳамеша аз рӯи теъдоди иштирокчиён дар бозии Green Card дар мақомҳои аввал қарор доштанд. Ҳафт соли пеш расонаҳо навиштанд, ки самарқандиҳо дар ин бозӣ даст ба қаллобӣ мезананд.

Блогер Фаррух Самарқандӣ гуфт, ки айни ҳол миқёси қаллобӣ мисли солҳои пештар густарда нест.

"Ҳоло миёнаравҳо пайдо шудаанд, онҳо ҳамеша буданд. Солҳои пеш онҳо барои рамзи махсусе, ки ба ғолибони грин-корт дода мешавад, маблағи ҳангуфт талаб мекарданд. Ҳоло барои пур кардани дархости иштирок дар грин-корт 100 ҳазор сӯм, муодили 8 доллари ИМА талаб мекунанд", - гуфт блогер.

Дар ҳамин ҳол, тақдири онҳое, ки соли гузашта дар бозии грин-корт пирӯз шуданд, норушан аст. Ҳазорон ғолиби грин-корт барои сафар ба ИМА ва ба танзим даровардани расмиёти дигар ба консулгариҳои ин кишвар даъват намешаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG