Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элика Ашӯрӣ гуфт, падараш дар Эвин эътироз мекунад


Анӯш Ашӯрӣ бо ҳамсараш
Анӯш Ашӯрӣ бо ҳамсараш

Як шаҳрванди Бритониё, ки бо гуноҳи ҷосусӣ дар Эрон зиндонӣ шудааст, гуруснанишинӣ мекунад.

Анӯш Ашӯри 67-сола, шаҳрванди Эрону Бритониё, соли 2019 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи "Моссад", идораи истихборотии Исроил, 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Духтараш Элика Ашӯрӣ бо пахши наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, падараш 23-юми январи имсол гуруснанишиниро дар зиндони Эвини Теҳрон оғоз мекунад. Вай иддао кард, ки "ӯ барои раҳоияш аз тарафи Бритониё ҳеч пешрафте надид".

Элика Ашӯрӣ мегӯяд, аз вазъи саломати падараш сахт нигарон ҳастанд.

Анӯш Ашӯрӣ ҳамроҳи ду нафари дигар зиндонӣ шуда буд. Мақомоти Эрон Арас Амириро ба 10 сол ва Алӣ Ҷоҳариро ба 12 сол зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG