Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болот Темировро бо шарт раҳо карданд


Болот Темиров дар назди додгоҳ
Болот Темиров дар назди додгоҳ

Мақомоти Қирғизистон журналисти таҳқиқотгар ва муассиси саҳифаи "Темиров Live" дар Ютюб Болот Темировро, ки шаби 22-юми январ боздошт шуда буд, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Ӯ рӯзи 23-юми январ дар назди Додгоҳи ноҳияи Свердловски Бишкек ба хабарнигорон гуфт, додрас боздошташро қонунӣ эътироф намудааст, вале тафсилот надод.

Раҳоии хабарнигори таҳқиқотгар дар ҳоле сурат гирифт, ки даҳҳо нафар рӯзи якшанбе ба тарафдорӣ аз ӯ тазоҳурот карданд.

Болот Темиров боздошташро ба нашри таҳқиқот дар бораи тарҳҳои шубҳаовари содироти мазут аз ҷониби ширкати "Қирғизнефтегаз", эҳтимол ба наздикони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар рабт дорад, пайванд дод.

"Метавонам бигӯям, ки дар умум ин як бозӣ, як бесарусомонии ҳуқуқӣ аст. Ин воқеияти Қирғизистон аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фармони "боло"-ро иҷро мекунанд... Ба фикрам, ин ҷо чанд ҳадаф буд: мусодираи таҷҳизоти мо ва бадном кардани таҳқиқот. Зеро мо на танҳҳо фаъолияти Қамчибек Тошиев, балки шахсони қудратманди дигарро низ омӯхтем," -- ёдовар шуд рӯзноманигор.

Болот Темиров соли гузашта дар миёни 12 нафаре буд, ки Департаменти давлатии Амрико ҳамчун қаҳрамони мубориза бо фасод эътироф кард. Ин ҷоизаро ба шахсоне медиҳанд, ки барои мубориза бо фасод дар кишвари худ пайваста заҳмат мекашанд.

Ӯ моҳи январи соли 2020 дар назди коргоҳаш дар Бишкек мавриди ҳамла қарор гирифт. Он замоне буд, ки сомонаи FactCheck якҷо бо Bellingcat дар бораи Раимбек Матраимов, муовини собиқ ва баҳсбарангези раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон ва хешовандони ӯ мавод нашр кард.

Болот Темиров дар мавриди рӯйдодҳои хунини охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли 2021 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ таҳқиқи густардае нашр карда буд. Дар он таҳқиқот ба андозаи зиёд аз мавзеъгириҳои тарафи Қирғизистон ҳимоят шуда, аз сӯзонда шудани маскани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷавобӣ будани амалкарди тарафи Тоҷикистон ҳарфе гуфта намешуд.

XS
SM
MD
LG