Мақомоти Олмон гуфтанд, ки сирояти коронавирус дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо афзудааст.
Бар асоси гузоришҳо, аксар мавридҳои мусбат дар Берлин сабт шуда, дар як ҳафтаи гузашта рӯзона ба ҳисоби миёна 1473 нафар ба бемории COVID-19 мубтало шудаанд.
Як вирусшиноси аршади Олмон гуфтааст, ба зудӣ шифохонаҳо дар ин кишвар бо мавҷи бузурге аз беморон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки Пажӯҳишгоҳи Роберт Кохи Олмон мегӯяд, ниме аз аҳолии ин кишвар доза ё вояи тақвиятии ваксинаи зидди вирусро дарёфт карданд.
Олмон аз оғози пандемияи коронавирус дар охири соли 2019 то ҳоло беш аз 8 миллион ва 600 ҳазор мавриди мусбати ин вирусро сабт кардааст.