Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту раҳоии хабарнигоре, ки "схема"-и президент ва раиси КДАМ-и Қирғизистонро ошкор кард. ВИДЕО


Болот Темиров дар лаҳзаи боздошт
Болот Темиров дар лаҳзаи боздошт

Мақомоти Қирғизистон журналисти таҳқиқотгар Болот Темировро, ки шаби 22-юми январ боздошт шуда буд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Бунёдгузори саҳифаи "Темиров Live" дар Ютюб рӯзи 23-юми январ дар назди Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек гуфт, додрас боздошташро қонунӣ донистааст, аммо тафсилот надод. Даҳҳо нафар ба ҷонибдорӣ аз ӯ тазоҳурот карданд.

Темиров боздошташро ба нашри таҳқиқот дар бораи тарҳҳои шубҳаовари содироти мазут аз ҷониби ширкати "Қирғизнефтегаз" пайванд дод. Шабакаи зери раҳбарии ӯ дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев" оғоз кард.

Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук маълумоти "Темиров Live"-ро дар бораи ӯ "дурӯғи маҳз" донист.

Болот Темиров баъди раҳоӣ
Болот Темиров баъди раҳоӣ

Болот Темиров рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт: "Гуфта метавонам, ки дар умум ин як бозӣ, як бесарусомонии ҳуқуқӣ аст. Воқеияти Қирғизистон аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фармони "боло"-ро иҷро мекунанд... Ба фикрам, ин ҷо чанд ҳадаф буд: мусодираи таҷҳизот ва бадном кардани таҳқиқоти мо. Зеро мо на танҳҳо фаъолияти Қамчибек Тошиев, балки шахсони қудратманди дигарро низ таҳқиқ кардем."

Хабарнигори таҳқиқотгар афзуд, ҳоло бо иттиҳоми номаълуме рӯбарӯ аст, вале ба далели имзои як санад, ки ҷузъиётро фош намекунад, тафсилот надод. Қаблан вакили мудофеъ Нурбек Коктакунов гуфта буд, Темиров ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам аст.

Худаш ҳангоми боздошт, шаби 22-юми январ, гуфт, маъмурони интизомӣ дар ҷайб ё кисааш маводи мухаддир гузошта, тамоми компютерҳоро мусодира кардаанд. "Чанд афсар, аз ҷумла мардони либоси шаҳрвандӣ ба тан, ба коргоҳ ворид шуданд. Шоҳиди он будам, ки чӣ гуна маводи мухаддир партофтанд. Як моддаи сабзи тира дар дохили халта буд," – нақл кард Муҳаббат Тайчибек-қизӣ, корманди шабакаи "Темиров Live".

Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар Твиттер аз мақомоти Қирғизистон хост, иддаоро дар бораи барқасдона партофтани маводи мухаддир тафтиш кунанд.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Бишкек гуфтааст, ки тафтишот дар робита ба боздошти хабарнигор идома дорад ва маълумоти бештарро дертар ироа хоҳанд кард.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Болот Темиров соли гузашта дар миёни 12 нафаре буд, ки Департаменти давлатии Амрико ҳамчун қаҳрамони мубориза бо фасод эътироф кард. Ин ҷоизаро ба шахсоне медиҳанд, ки барои мубориза бо фасод дар кишвари худ пайваста заҳмат мекашанд.

Темиров моҳи январи соли 2020 дар назди коргоҳаш дар Бишкек мавриди ҳамла қарор гирифт. Он замоне буд, ки сомонаи FactCheck якҷо бо Bellingcat дар бораи Раимбек Матраимов, муовини собиқ ва баҳсбарангези раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон ва хешовандони ӯ мавод нашр кард.

Оилаи Матраимовҳо дар он вақт дар маркази як моҷарои фасоди молии марбут ба интиқоли тақрибан як миллиард доллар аз Қирғизистон қарор доштанд. Матраимов моҳи феврали соли 2021 бо иттиҳоми фасод дигарбора дастгир шуд.

Болот Темиров дар мавриди рӯйдодҳои хунини охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли 2021 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ таҳқиқи густардае нашр карда буд. Дар он таҳқиқот ба андозаи зиёд аз мавзеъгириҳои тарафи Қирғизистон ҳимоят шуда, аз сӯзонда шудани маскани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷавобӣ будани амалкарди тарафи Тоҷикистон ҳарфе гуфта намешуд.

XS
SM
MD
LG