Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Русия ёрияшро ба ҷудоиталабон афзудааст


Гирдиҳамоии тарафдорони Украина дар Ҷумҳурии Чех. Шаҳри Прага, 22-юми январи соли 2022
Гирдиҳамоии тарафдорони Украина дар Ҷумҳурии Чех. Шаҳри Прага, 22-юми январи соли 2022

Мақомот дар Киев мегӯянд, Русия пуштибонии худро аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина афзоиш додааст.

Идораи истихбороти низомии Украина рӯзи 21-уми январ дар изҳороте дар Фейсбук гуфт, ҳафтаҳои охир аз Русия ба ин кишвар “беш аз 7 ҳазор тонна сӯзишворӣ, тонк, тӯпхонаҳои худгард ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ" фиристодаанд.

Маскав аз соли 2014, замони сар задани низоъ дар шарқи Украина, ҳузурашро дар ҷанг рад мекунад. Ҳарчанд дар бораи пуштибонии низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Русия аз ҷудоиталабон дар Луганску Донетск далелҳои рӯшан ҷой доранд.

Дар изҳороти истихбороти низомии Украина, инчунин, гуфта мешавад, ки Русия кӯшишҳоро барои ҷалби зархаридон барои ҷанг дар шарқи Украина бештар кардааст.

Ин иддао дар пасманзари ҷамъ шудани нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ва дар минтақаи ишғолшудаи Қрим садо медиҳанд.

Киев ва ҳукуматҳои ғарбӣ бовар доранд, Маскав ба мудохилаи мустақими низомӣ дар Украина омода мешавад, вале Кремлин рад мекунад.

Дипломатҳои баландпояи Амрико, Олмон, Фаронса ва Бритониё рӯзи 20-уми январ ба Маскав ҳушдор доданд, ки дар сурати шиддат ёфтани низоъ бо “вокуниши сареъ” ва “оқибатҳои вазнин” дучор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG