Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ баррасии парвандаи блогери узбекро оғоз кард


Додгоҳи ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 20-уми январ баррасии парвандаи блогер Миразиз Бозоровро оғоз кардааст.

Зидди блогери узбек моҳи апрели соли гузашта бар асоси банди "Туҳмат бар пояи ангезаҳои худхоҳона ё дигар" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Бозоров шоми 28-уми март аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд. Дар натиҷаи ин латту кӯб пойи чапи вай шикаста ва чанд захми дигар бардошт. Блогер барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Узбекистон садо баланд мекард ва эҳтимолан сабаби латту кӯб шуданаш низ ҳамин будааст.

Аз рӯи ҳодисаи латукӯби Бозоров бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст. Дӯстони блогер гуфтанд, онҳо ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешаванд.

Дар аввали тафтишот худи блогер ҳамчун ҷабрдида бозпурсӣ мешуд, вале баъдан мақоми ӯ ба гумонбар иваз шуд.

XS
SM
MD
LG