Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Дороиҳои Назарбоев на камтар аз 8 миллиард доллар аст


Акси Нурсултон Назарбоев аз бойгонӣ
Акси Нурсултон Назарбоев аз бойгонӣ

Як таҳқиқоти журналистӣ маълум кардааст, ки президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев на камтар аз 8 миллиард доллар дороӣ дорад. Дар ин бора таҳқиқоти муштараки хабарнигорони Маркази таҳқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва нашрияҳои "Vласть" аз Қазоқистон ва Kloop аз Қирғизистон хабар медиҳад. Муаллифони пажуҳиш мегӯянд, ки замони раёсатҷумҳуриаш Назарбоев чор фонд ё бунёде бо номҳои ба ҳам монанд таъсис додааст, ки ношаффоф амал мекунанд. Инҳо "Назарбоев Фонд", "Фонди Нурсултон Назарбоев", "Фонди Демеу" ва "Елбошӣ Фонд" мебошанд.

Ду бунёди аввалааш бо тарҳҳои маърифативу иҷтимоӣ ва ҳам таблиғи ҳукумат машғул буда, корашонро расонаҳои содиқ ба ҳукумат таъриф мекунанд. Ду фонди дигараш кори ҷамъиятӣ намекунад.

Дар миёни дороиҳои Назарбоев инчунин бонкҳои фаъол дар Қазоқистон ва Русия, шабакаҳои телевизионӣ, меҳмонхонаву марказҳои тиҷоратӣ, фабрикаву анборҳо, театру ҳавопаймои хусусии 100-миллиондоллара, майдони голф ва саҳмияҳову пулҳои нақд ёд мешаванд. Муҳаққиқон маълум кардаанд, ки расман тамоми ин дороиҳо ба номи Назарбоев сабт нашудаанд, вале, ба хулосаи ҳуқуқшиносон, ӯ ин сарватҳоро назорат мекунаду қарори хариду фурӯши онҳоро ҳам шахсан худаш қабул мекунад.

Дар се созмони хайрияи ёдшуда ба ҳеҷ саволи муаллифони таҳқиқот посух надоданд ва танҳо як созмонаш гуфт, ки Назарбоев аз ин дороиҳо фоида намебинад, чунки, ба гуфтаи онҳо, ин ташкилот бо маблағгузории сохторҳои соҳаи маорифи Қазоқистон машғул мебошад.

XS
SM
MD
LG