Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зас: барои ҷилавгирӣ аз хатарҳо ба Тоҷикистон кумак расонда шавад


Станислав Зас
Станислав Зас

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, як паймони низомии таҳти раҳбарии Русия гуфтааст, барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна хатарҳои эҳтимолӣ зарур аст, ки ба Тоҷикистон кумак расонда шавад.

Дар баёнияи расмӣ, ки рӯзи 20-уми январ дар вебсайти СПАД нашр шуд, омадааст, Станислав Зас дар ҳузури гуруҳе аз вакилони Думаи давлатии Русия доир ба авзои минтақа аз ҷумла Афғонистони ноором суҳбат карда, ба "зарурати кумак ба Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ таъкид кардааст."

Дар баёния мушаххасан гуфта нашудааст, ки ба Тоҷикистон чӣ навъ кумак ниёз дорад. Аммо аввали ҳамин моҳ Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар нишасти онлайнии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон солҳост, ки аз ин созмон аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ мехоҳад, вале нагирифтааст.

Лукашенко афзуд, агар ин кумак расонида нашавад, ҳодисаҳои Қазоқистон метавонад, дар Тоҷикистон такрор шавад. Ҳукумати Қазоқистон барои фурӯ нишондани ошӯбҳое, ки баъди тазоҳуроти осоишта сар зад, неруҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ба кӯмак даъват кард. Дар ин нооромиҳо бештар аз 200 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG