Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта тобути бештар аз 500 муҳоҷири узбекистониро аз хориҷ овардаанд


Дар соли 2021 ҷасади 218 муҳоҷири узбекистониро аз хориҷ овардаанд. Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон хабар надод, ки ҷасадҳо аз кадом кишварҳо оварда шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар соли гузашта 321 шаҳрванди Узбекистон дар хориҷ аз ин кишвар аз вазъияти душвор берун оварда шудааст.

Ба илова, Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ба 8811 узбекистонӣ дар хориҷ аз ин кишвар ёрии ҳуқуқӣ расонида, ба 6283 кас ёрии иҷтимоӣ ва ба 13424 каси дигар ёрии моддӣ додааст.

Оҷонсӣ иттилоъ медиҳад, ки 984,1 ҳазор доллари муҳоҷирони кории узбекистониро дар хориҷ аз корфармоҳо ситонида аст.

XS
SM
MD
LG