Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Ҳинд ва кишварҳои ОМ 27 январ баргузор мешавад


Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз соли 2016
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз соли 2016

Нишасти нахустини Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври онлайн рӯзи 27-уми январ баргузор хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд рӯзи 19-уми январ гуфт, дар нишаст нахуствазири ин кишвар Нарендра Моди ва раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок мекунанд.

Ҳамон тавр ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон гуфтаанд, "нишасти нахустин баёнгари равобити дар ҳоли рушди Деҳлӣ ва кишварҳои минтақа аст."

Интизор меравад, раҳбарони Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои байнулмилалӣ ва бахусус амнияти минтақаро баррасӣ кунанд.

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд рӯзи 26-уми январ дар гузашти низомӣ дар Ҳиндустон иштирок мекарданд. Деҳлӣ мегӯяд, ҳатто ба раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон даъватнома фиристодааст, вале дар пасманзари бад шудани вазъи вобаста ба коронавирус нақшаро бекор карданд.

XS
SM
MD
LG