Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International аз Қазоқистон хост, хабарнигорону фаъолонро раҳо кунад


Гирдиҳамоии эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзи 2-юми январ шуруъ шуд

Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз мақомоти Қазоқистон хостааст, хабарнигорону фаъолонеро, ки ҳангоми эътирозҳои густарда ва баъди он дастгир кардаанд, ҳарчи зудтар раҳо кунанд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар 12-уми январ гуфт: "Афроде, ки ҷиноят содир накарда, танҳо ба далели нақзи қонуни ҷанҷолии Қазоқистон дар мавриди гирдиҳамоӣ дастгир шудаанд, бояд фавран озод карда шаванд."

Мақомот дар Қазоқистон мегӯянд, баъд аз эътирозҳо дар бораи баланд рафтани нархи гази моеъ дар Жанаозен, ғарби ин кишвар, ки сипас ба шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Алмаато печид, тақрибан 10 ҳазор кас дастгир шуданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодисаҳо 18 нерӯи амниятӣ кушта шудаанд, вале теъдоди эътирозгарони кушташуда маълум нест.

Як саҳифаи марбут ба ҳукумати Қазоқистон дар Телеграм рӯзи 10-уми январ навишт, ки дар ҷараёни нооромиҳо 164 ғайринизомӣ ҷон бохтаанд, вале Вазорати тандурустӣ гуфт, ин рақам дуруст нест ва ба далели хатои фаннӣ нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG