Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон як муҳаққиқи фаронсавиро зиндонӣ кард


Фиребо Одилхоҳ
Фиребо Одилхоҳ

Эрон бори дигар Фиребо Одилхоҳ, муҳаққиқи фаронсавии эрониаслро зиндонӣ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Фаронса рӯзи 12-уми январ хабар дод. Фиребо Одилхоҳ як сол дар ҳабси хонагӣ буд. Ӯро соли 2019 дар фурудгоҳи Теҳрон дастгир ва ба иттиҳоми таблиғ алайҳи низом ва тавтеа алайҳи амнияти миллӣ гунаҳкор карданд. Мақомҳои эронӣ то ҳанӯз дар мавриди дубора зиндонӣ кардани хонум Одилхоҳ чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG