Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Қирғизистон рӯзи 14 январ аз Қазоқистон бармегарданд


Низомиёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.
Низомиёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.

Низомиҳои Қирғизистон, ки дар доираи маъмурияти ҳифзи сулҳи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба Қазоқистон фиристода шуда буданд, рӯзи 14-уми январ ба Қирғизистон бармегарданд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод. Пештар хабар дода шуд, ки низомиҳои Қирғизистон маркази гармидиҳии шаҳри Алматоро муҳофизат мекунанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 11-уми январ гуфт, беруншавии нерӯҳои СПАД 13-уми январ шуруъ шуда, 10 рӯз давом мекунад.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 7-уми январ ба ирсоли нерӯҳои қирғизистонӣ ба Қазоқистон ризоият доданд. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, он замон гуфт, ба Қазоқистон 150 низомӣ мефиристанд.

Иддае аз сокинони Қирғизистон талаб карданд, ки ба Қазоқистон низомӣ ирсол нашавад.

XS
SM
MD
LG