Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: Русия дар гуфтугӯҳои эҳтимоли талоши табаддулот дар Узбекистон ширкат намекунад


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Русия дар гуфтугӯҳои гуё талоши омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар Узбекистон ширкат намекунад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод.

"Пеш аз ҳама, ин мавзӯи гуфтугӯ байни Минск ва Тошканд аст ва мо аз ин зовия вориди гуфтугӯ намешавем", - афзуд Песков.

Дар ҷаласаи онлайнии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 10-уми январ президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, "пеш аз ҳама Узбекистон бояд аз ҳаводиси Қазоқистон дарс бигирад".

Лукашенко афзуд, бино ба иттилои вай, "нерӯҳои берунӣ" метавонанд, вазъи Узбекистонро ба ҳам зананд. "Таваҷҷуҳи онҳо аз ҷумла ба Узбекистон равона шудааст," -- гуфт Лукашенко.

Президенти Беларус афзуд, "сенарияи қазоқистонӣ" дар Югославия, Ироқ, Либия, Сурия, Украина, Афғонистон ва Беларус таҷриба шудааст.

XS
SM
MD
LG