Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати паҳншавии COVID-19 Бишкекро шомили минтақаи "сурх" кард


Шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду ҳолати гирифторӣ ба навъи "омикрон"-и коронавирус сабт шуд.

"Ду гирифтори "омикрон" дар беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ муолиҷа мешаванд. Ба ҷуз аз "омикрон" дар кишвар навъи "делта" ҳам паҳн мешавад", - гуфт Ойгул Ҷумъахонова, як масъули вазорати тандурустии Қирғизистон.

Рӯзи 12-уми январ дар Қирғизистон дар маҷмуъ 465 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд, ки дар моҳҳои охир ин нишондоди рекордӣ аст. Бисёре аз ин ҳолатҳо дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй сабт шудааст.

Ба далели он, ки дар рӯзҳои охир дар шаҳри Бишкек 345 ҳолати нави гирифторӣ ва ҳам навъи "омикрон"-и коронавирус сабт шудааст, ситоди ҷумҳуриявӣ Бишкекро шомили минтақаи "сурх" кардааст.

XS
SM
MD
LG