Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар шаҳри Денверро тафтиш мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тафтиши тирандозие идома дорад, ки дар натиҷаи он камаш 6 нафар дар иёлати Колорадо кушта шуданд.

Тирандозӣ дар маркази шаҳри Денвер шоми 27-уми декабр сурат гирифтааст ва як марди мусаллаҳ ду занеро дар як дӯкони холкӯбӣ кушта, як мардро маҷруҳ кардааст. Чанде баъд ҳамин фард як мардеро дар маҳаллаи дигари Денвер ба ҳалокат расонидааст.

Тирандозӣ дар як кӯчаи серодам дар назди шифохонаи Денвер ҳам сурат гирифтааст, вале дар инҷо касе осеб надидааст. Баъди фирор аз ин маҳал фарди мусаллаҳ як марди дигареро бо зарби тири туфанг кушта, сипас ба маъмурони пулис муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Ба ӯ муяссар шудааст, як корманди меҳмонхонаеро ҳам бикушад ва сипас дар тирандозӣ бо маъмурони пулис кушта шудааст. Маълум нест, ӯро пулис куштааст ё не, аммо яке аз афсарон захм бардоштааст.

Мақомот гуфтанд, марди 47-сола бо номи Линдон Маклод зери назари мақомоти тафтишотӣ буд ва онҳоеро, ки куштааст, аз пеш ҳадаф гирифта буд. Сабабҳои ин бедодгарии ӯро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG