Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирбарӣ бо қатор аз Тоҷикистон ба Русия кай оғоз мешавад? ВИДЕО


Бо гузашти наздик ба ду сол, поезд ё қаторҳои мусофирбар ба хатсайрҳои берунӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе беҳаракатанд. Дар долону дохили бинои истгоҳ тақрибан касе ба мушоҳида намерасад. Мисле ки ҳеҷ гоҳ ин макон пуродаму серташвиш набуд.

Ин натиҷаи зарбаи пандемияи КОВИД-19 ба бахши мусофиркашонӣ аз тариқи қатор аст. Вале мусофирон умед доранд, ки рӯзе боз хатсайрҳои қаторҳо ба хориҷи кишвар, хусусан Русия дубора боз мешавад ва онҳо бо қиматҳои дастрас ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Роҳи оҳан яке аз воситаҳои аслии сафари махсусан муҳоҷирони корӣ ба Русия ва дигар кишварҳост. Аммо охирин қаторе, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия бо далели хуруҷи ҳамагири КОВИД-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбар бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард, ки то ҳол ин амр бекор нашудааст.

Мақомоти корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, ҳанӯз ҳеҷ хабаре аз боз шудани роҳи қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба сӯи Русия нест. Қаторҳои мусофирбар танҳо дар хатсайрҳои дохилӣ, он ҳам ба самти Кӯлоб ва Турсунзода фаъол аст. Бо иллати баста будани марзҳо ба рӯи қаторҳои мусофирбар, ҳатто қаторҳои мусофирбар аз Душанбе ба Конибодом ҳам наметавонанд ҳаракат кунанд.

Ҳоло бархе аз алоқамандони сафари Русия сарироҳӣ ба хазинаҳои чиптафурӯшии ин истгоҳ муроҷиат карда, иттилоъ меёбанд, ки дар мавриди азсаргирии ҳаракати қатор дар ин масир тасмими наве гирифта нашудааст.

Илҳом Алиев, як сокини Душанбе ҳамарӯза аз болои пули роҳҳои оҳани истгоҳ убур мекунад ва бо ҳасрат аз замоне ёдоварӣ мешавад, ки саҳни истгоҳ ҳамеша серодам буд. Ҳарчанд, вай дар Душанбе шуғле дорад ва ҳадафи муҳоҷирати кориро дар сар надорад, аммо дар пайи корҳояш гоҳ-гоҳе бояд ба Русия сафар кунад: "Бо поезд хубтар аст, ман меравам, чаро наравам? Ҳавопаймо, ки камтар қимат аст, намешавад".

Ҳаракати қатор аз Тоҷикистон ба Русия кай дубора оғоз мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Аммо, намешавад гуфт, ки Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе комилан аз фаъолият бозмондааст. Ҳамарӯза аз ин истгоҳ қаторҳо ба самти Кӯлоб ва шаҳри Турсунзода ҳаракат мекунанд. Дар мавсими фиристодани ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ бо дархости Вазорати мудофиа ба самти Хуҷанд низ қатори мусофирбар бо ҷавонони даъватӣ ҳаракат мекунанд.

Ҳамзамон набудани хатсайрҳо ба кишварҳои ҳамсоя барои ҷавонони донишҷӯй мушкил эҷод мекунад. Саймиддин Тоҷов, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ки дар Қазоқистон таҳсил мекунад ва барояш сафар бо қатор арзонтар аст. Вай дар орзуи азсаргирии ҳаракати қатор аст, то худро ба маҳалли таҳсилаш расонад. Ӯ мегӯяд, "мешавад бо ҳавопаймо рафт, лекин қатора нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст".

Ҳаракат накардани қаторҳои мусофирбар ба ин маънӣ нест, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаву Русия қатораҳо комилан ҳаракат намекунанд. Ҳатто дар замони хуруҷи бесобиқаи COVID-19, Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳаракати қаторҳои борбарро қатъ накард.

Масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон дар нишасти матбуотии натиҷагирӣ аз соли 2020 гуфта буданд, ки дар маҷмӯъ, он сол бо нақлиёти байналмиллалии боркаш нисбат ба як соли қабл ба маблағи 272 миллион сомонӣ камтар маҳсулот интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG