Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ҳабси шавҳар Наргис аз бозгашт ба Қирғизистон метарсад. ВИДЕО


Наргис Ҷабборова, бо фарзандонаш.

Ҳамсари марде, ки дар Қирғизистон ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, аз бозгашт ба манзили зисташ дар ин кишвар метарсад.

Шавҳари Наргис Ҷабборова, Абдурозиқ Абдуқаҳҳоровро Додгоҳи Қирғизистон ба ҳукми абад маҳкум карда буд, вале баъдан ин ҳукм ба 20 соли зиндон иваз шуд.

Сокини деҳае дар марзи ду кишвар

Наргис ҳоло дар ҳавлии падариаш дар деҳаи наздимарзии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

Ҳафт моҳ пеш ин зани 40 сола ҳамроҳи се фарзанду шавҳараш дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, аммо дар деҳаи Борбодуки Қирғизистон ҳавлӣ харидаву зиндагонӣ мекарданд. Ин деҳа дар роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Мушкили оилаи тоҷики муқими Қирғизистон баъди низоъ дар марзи миёни ду кишвар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Дар рӯзҳои муноқишаи марзии моҳи апрели ҳамин сол пулиси қирғиз аввал худи ин зан ва пас аз чанд вақт шавҳарашро боздошт намуд.

Ҳоло Наргис аз амнияти худу фарзандонаш нигарон аст. “Ман метарсам, ки ба он ҷо баргардам. Маро як бор қирғизҳо дошта, ҷанҷол карда, тарсонида ба ҳамин ҳол оварданд. Барои ҳамин рафта наметавонам. Маҷбур ҳаминҷо шишта, зиндагӣ карда истодаам. Агар масъалаи шавҳарам яктарафа шавад, нағз хоҳад шуд. Ҳамин хел умед дорам”, --гуфт ӯ.

"Зиндагиам тағйир ёфт"

Наргис мегӯяд, тӯли ин ҳафт моҳ ҳаёташ ба куллӣ иваз шуд ва пайваста азоб дорад. Додгоҳи вилояти Ботканди Қирғизистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шавҳари Наргисро аввал ҳукми абад дод ва дар пайи шикояти мақомоти Тоҷикистон ба 20-соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Қирғизисттон ӯро бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" гунаҳкор донист. Аммо пайвандонашон аз ҳукм розӣ нестанд. Наргис барои озодии худу шавҳараш тамоми талошро кард ва тақрибан 50 ҳазор сомонӣ қарздор шуд. “Мо аз бисёрҷо қарздор шудем. Барои адвокатпулӣ, раҳкиропулӣ ҳамаи чизу чораамонро фурӯхтем. Ҳамин қадар кӯшиш кардем, ки шавҳарам ба озодӣ барояд, вале афсӯс нашуд. Бо се фарзандам зиндагиам ба душворӣ гузашта истодааст. Хоҳиш мекунам, ки калонҳо натиҷаи кори моро дида бароянду шавҳарамро ба озодӣ бароранд ё бо қирғизтабори дар Тоҷикистон маҳкумшуда иваз кунанд. Бароям ёрӣ расонанд”,--гуфт ӯ.

Шавҳари Наргис дар зиндони Ош чӣ ҳол дорад?

Наргис Ҷабборова то замони ин ҳодиса дар хонааш ба дӯзандагӣ машғул буд. Ӯ мегӯяд, пас аз боздошту азият кашиданаш, саломатиашро аз даст дод.

Ду фарзанди хурдиаш дар мактаб таҳсил мекунанд ва фарзанди калониаш ба тариқи шартномавӣ муҳассили донишгоҳи Хуҷанд аст.

Хонум Ҷабборова аз ҳоли шавҳараш дар зиндони вилояти Оши Қирғизистон нигарон аст, ки ба бемории дарди шикам ва коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон шарҳ намедиҳанд.

Абдурозиқ ягона ноновари хонаводааш буд. Дар сурати озод нашудани шавҳараш, Ҷабборова мегӯяд, дучории мушкили ҷиддии иқтисодӣ мешавад ва ба ночор ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ меравад.

Абдурозиқ кист?

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамсараш, 12 сол дар мактаби ношунавоёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муаллим буд. Ӯ солҳои охир дар роҳи Хистеварз-Гулистон ронандагӣ мекард.

Боздошт ва ба ҳабси солҳои тулонӣ маҳкум шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон танқидҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бисёриҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки барои озодии ин шаҳрванди Тоҷикистон талош кунад. Қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ба муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бармегардад.

Дар он муноқиша аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG