Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров бо "Персеполис" қарордоди сесола бастанд


Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров, ду футболбози шинохтаи тоҷик барои се сол бо дастаи "Персеполис"-и Теҳрон қарордод имзо карданд. Ин ду футболбози тоҷик беш аз якуним моҳ дар Теҳрон иқомат мекарданд ва бинобар баста будани равзанаи нақлу интиқолоти "Персеполис", дар бесарнавиштӣ ба сар мебурданд.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар ниҳоят пас аз боз шудани равзанаи нақлу интиқолот ба рӯи "Персеполис", рӯзи 21-уми декабр ин ду футболбози тоҷик бо ин дастаи маъруфи эронӣ қарордод имзо карданд ва ба таври расмӣ аъзои ин тим шуданд.

Дар моҳҳои гузашта "Персеполис" бинобар баробар накардани ҳисобҳо бо сармураббии пешинаш аз Аргентина, аз ҷалби бозикунони нав маҳрум шуда буд. Рӯзи 13-уми декабр дар ниҳоят эълом шуд, ки ин қарзҳо пардохта шудааст ва ҳамин тавр равзанаи нақлу интиқолоти "Персеполис" боз шуд.

Яҳё Гулмуҳаммадӣ, сармураббии дастаи "Персеполис" дар рӯзҳои гузашта бо интиқод аз ин вазъ ва дар робита ба Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов гуфта буд, "ба Худо намедонам чӣ вақте равзана боз мешавад. Ин бандагони Худоро овардем, мисли туристҳо меоянд ва мераванд".

Хабари интиқоли ин ду бозигар ба ин бошгоҳи пуртарафдори эронӣ, дар ду моҳи гузашта мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои ду кишвар қарор гирифта буд. Ин ҳафта расонаҳои эронӣ иттилоъ доданд, ки Ваҳдат Ҳанонов дар ҷараёни тамрин бо "Персеполис" пояш лат хӯрдааст ва эҳтимолан ҷарроҳӣ шавад. Худи Ваҳдат Ҳанонов ва масъулини дастари "Персеполис" то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд.

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров дар муддати ҳузури худ дар Эрон бо дастаи "Персеполис" дар тамрин иштирок карданд ва дар чанд бозии дӯстона ҳам бо либоси ин тим ба майдон рафтанд. Ин ду футболбози тоҷик қаблан аз ҳузури худ дар Эрон ибрози хурсандӣ карда ва умедворӣ карда буданд, ки масъалаи қарордҳои онҳо бо ин тими эронӣ ҳарчӣ зудтар ниҳоӣ мешавад.

Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов қаблан дар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бозӣ мекарданд ва ҳарду узви дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан Transfermarket хабар дода буд, ки ҳарду футболбози тоҷик ба "Персеполис” мегузаранд ва қарордоди онҳо то 30-юми июни соли 2024 ба имзо расидааст. Ҳанонов 250 ҳазор евро ва Сафаров 225 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд. Аммо дастаи "Персеполис" ҳанӯз ин иттилоъро ба таври расмӣ эълон накардааст.

Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов нахустин намояндагони футболи тоҷик дар Лигаи бартари Эрон нестанд. Аз ин қабл Акмал Холматов дар дастаи "Пос"-и Ҳамадон бозӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG