Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз тариқи бандари Тирмиз ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ фиристод


Пули миёни Афғонистон ва Узбекистон.
Пули миёни Афғонистон ва Узбекистон.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 15-уми декабр аз тариқи бандари Тирмизи Узбекистон ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ фиристодааст. Ин бандар, ки аз хоки Афғонистон ҳамагӣ ду километр дуртар аст, ахиран ба захирагоҳи асосии кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон табдил шудааст. Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки бандари Тирмиз дар расонидани кӯмак ба Афғонистон нақши калидӣ дорад. Рӯзи чаҳоршанбе чиҳил тонна кӯмакҳои башарӣ аз тариқи ин бандар ба Афғонистон интиқол ёфтааст.

XS
SM
MD
LG