Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол блогери ҷанҷолии тоҷикро аз Русия биронанд


Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА
Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА

Эҳтимол дорад, ки Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА-ро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.

Ӯро рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили тунели Лефортово дар Маскав боздошт карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Манбаъҳо дар сохторҳои ҳифзи қонун ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ки барои ин қонуншиканӣ Чоршанбиевро метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Ҳукмро додгоҳи шаҳри Маскав содир хоҳад кард.

Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо ҳаракат бо суръати баландро сари чанбари мошин эътироф кард, вале гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар интернет нашр кардаанд. Ӯ ба татфишот гуфтааст, ки ин навор нав нест ва он тобистон сабт шудааст.

Чоршанбиев зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикисттон аст ва аз соли 2016 бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул буда, чор бор ғалаба ба даст овардааст.

Ӯ замоне шинохта шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳарфҳои зидду нақизаш дар бораи тоҷикону тоҷикистониён ҷанҷол барангехт. Баъдан ӯ барои ин амалҳои ҷанҷолбарангезаш узр хост.

XS
SM
MD
LG