Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Сафаров ба дастаи беҳтаринҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё номзад шуд


Манучеҳр Сафаров.
Манучеҳр Сафаров.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) 11 нафар беҳтаринҳои мусобиқаи имсолаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро тибқи раъйдиҳии мухлисон интихоб мекунад. Дар рӯйхати номзадҳо, инчунин бозигари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Сафаров низ дохил аст.

Ба иттилои сомонаи расмии AFC, барои чаҳор ҷой дар хатти ҳимоя 12 нафар мубориза мебаранд. Аз он ҷумла, футболбози 20-солаи тоҷик Манучеҳр Сафаров ҳамроҳи се рақибаш – Муҳаммад Ал Бурайк аз бошгоҳи “Ал Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, Султон Ал Ғаннам аз бошгоҳи “Ал Наср”-и Арабистони Саудӣ ва Казуя Мияҳара аз бошгоҳи “Нагоя Грампус”-и Ҷопон - барои беҳтарин мудофеи самти рост талош доранд.

Манучеҳр Сафаров дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё хуб ҳунарнамӣ кард. Ду голи ӯ дар бозӣ муқобили қаҳрамони охирини ин мусобиқа - «Ал Ҳилол», ки бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт, боиси тавсифи зиёд аз ҷониби коршиносон гардид.

“Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт, ки дар он марҳила аз «Персеполис», қаҳрамони Эрон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, аммо бозии Сафаров таассуроти хуб боқӣ гузошт.

Зимнан, масъулини бошгоҳи «Персеполис» Манучеҳр Сафаров ва ҳамдастааш Ваҳдат Ҳаноновро барои бозӣ дар ҳайати ин даста даъват карданд. Бо онҳо то 30-юми июни соли 2024 қарордод ба имзо расид. Ҳоло ҳарду дар Теҳрон дар ҳайати “Персеполис” тамрин мекунанд.

XS
SM
MD
LG