Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори даҳум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 тими «Душанбе»-ро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи олӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфт.

Ин даҳумин бор аст, ки «Истиқлол» дар таърихи худ бо медалҳои тилло сарфароз мегардад. Аз ин пеш бошгоҳи Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуда буд.

Ду давр қабл аз хотимаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 аввалин дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуд. Ин тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе мебошад. Баъди шикасти бузург аз “Истиқлол”, тими “Дашанбе” ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ шонси дар лигаи олӣ монданро аз даст дод.

Дувумин дастаи ноком «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ ё «Кӯктош»-и Рӯдакӣ мешаванд, ки дар минтақаи хатар қорор доранд.

Медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро футболбозони дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе талош доранд. Рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, ин ду даста дар шаҳри Истаравшан бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 25-ум

«Истиқлол» – «Душанбе» – 8:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 4 (1:0). Алишер Ҷалилов, 6 (2:0). Рустам Соиров, 38 (3:0). Рустам Соиров, 49 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 56 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 77 (6:0). Манучеҳр Ҷалилов, 79 (7:0). Рустам Соиров, 84 (8:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

«Хуҷанд» – «Равшан» – 3:1

Голҳо: Далер Ёдгоров, 30 (1:0). Дилшод Бозоров, 60 (2:0). Парвизҷон Алиев, 65 (3:0). Алиҷон Алиаҳмадов, 88 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

КМВА – «Хатлон» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Элчибек Рашидбеков (КМВА).

«Эсхата» – «Истаравшан» – 1:2

Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 36 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 75 (1:1). Илҳомҷон Баротов, 88 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).

«Файзканд» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Абдухалил Боронов, 70.

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

24

19

4

1

71-8

61

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

24

16

3

5

50-24

51

3

КМВА (Душанбе)

25

11

7

7

36-29

40

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

25

11

5

9

28-25

38

5

«Хатлон» (Бохтар)

25

9

6

10

26-30

33

6

«Равшан» (Кӯлоб)

25

7

8

10

25-31

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

25

8

3

14

31-47

27

8

«Файзканд» (Восеъ)

25

7

5

13

18-31

26

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

25

6

5

14

34-54

23

10

«Душанбе» (Душанбе)

25

4

6

15

22-62

18

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 гол, Рустам Соиров (“Истиқлол”) – 14 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 11 гол, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 10 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») - 9-голӣ, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 8-голӣ.

Даври 26-ум

23-юми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истаравшан» – КМВА

24-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Равшан» – «Кӯктош»

«Истиқлол» – «Файзканд»

«Хатлон» – «Душанбе»

«Хуҷанд» – «Эсхата»

Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

1-уми декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Даври 27-ум

5-уми декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG