Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ширкати "Моҳон эйр"-и Эрон ҳамлаи киберӣ карданд


Парвози ширкати "Моҳон эйр" ба Афғонистон пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби Толибон.
Парвози ширкати "Моҳон эйр" ба Афғонистон пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби Толибон.

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки кори ширкати хусусии ҳавопаймоии “Моҳон эйр”-и Эрон рӯзи 21-уми ноябр бар асари ҳамлаи киберӣ халалдор шуд.

Муштариёни “Моҳон эйр” дар саросари кишвар гуфтанд, ки аз як гурӯҳе бо номи худ “Нозирони ватан” паёмак дарёфт кардаанд, ки масъулияти ҳамларо бар душ мегиранд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ба ин ширкат ба хотири иртиботаш бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамла кардааст.

Ширкат эълон кард, ки парвозҳояш халалдор нашуданд, вале вебсайти ин ширкат кор намекунад.

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида дар соли 2011 ширкати “Моҳон эйр”-ро бо иттиҳоми "расонидани кумаки молӣ, моддӣ ва технологӣ ба нерӯҳои Қудс (Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ)" таҳрим кард. Инчунин ин ширкатро ба интиқоли силоҳ ва дигар муҳимоти ҷанги ба Лубнон муттаҳам донистанд.

Аз ин пеш, ба сохтори нуқтаҳои сӯзишворӣ дар Эрон ҳамла шуда буд. Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон гуфт, ки чунин ҳамлаҳо ба хотири халалдор кардани оромии ҷомеа аст.

XS
SM
MD
LG