Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи Гурҷистон гуруснанишиниро қатъ кардааст


Михаил Саакашвили, президенти собиқи Гурҷистон
Михаил Саакашвили, президенти собиқи Гурҷистон

Михаил Саакашвили, президенти собиқи Гурҷистон пас аз 50 рӯз гуруснанишиниро қатъ кард.

Дар ин бора радиои "Эхо Кавказ" хабар додааст. Сиёсатмадори гурҷӣ дар ибтидо талаб кард, ки ӯро озод кунанд, вале ӯро аз беморхонаи маҳбас ба беморхонаи шаҳрвандӣ интиқол доданд.

Саакашвили шаҳрванди Украина аст ва охири моҳи октябр пинҳонӣ вориди Гурҷистон шуд. Ӯ ҳашт сол дар ин кишвар набуд. Саакашвили чанд ҳафта пеш аз интихоботи порлумонӣ вориди Гурҷистон шуд, то аз мухолфион пуштибонӣ кунад.

Рӯзи 1-уми октябр ӯро боздошт карданд. Ӯ боздошташро ғайриқонунӣ донист ва даст ба гуруснанишинӣ зад. Ӯро дар Гурҷистон ба берун шудан аз ҳади ваколатҳо дар замони президентӣ айбдор медонанд.

Мухолифон боздошти ӯро сиёсӣ медонанд ва озодиашро талаб доранд. Бо пуштибонӣ аз ӯ даҳ вакили порлумони Гурҷистон низ даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Саакашвили ду давра президенти Гурҷистон буд ва баъдан ба Украина рафт. Ӯ шаҳрванди Украина шуд ва он ҷо ба ҳайси раиси вилоят кор кард.

XS
SM
MD
LG