Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин ва Хушқадам, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар меҳмонии Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов паҳлавонони маъруфи тоҷик, баъди бозгашт аз мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, меҳмони "Мизи гирд"-и Радиои Озодӣ шуданд.

Акмалиддин Каримов барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо даст ёфт. Ӯ дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Акмалиддин, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Саян Хертеки русиягиро шикаст дод, бо медали тилло ва 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Зимнан, Акмалиддин Каримов баъди Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975), Беҳрӯзи Хоҷазода (соли 2017) ва Хушқадам Хусравов (соли 2018) чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Хушқадам Хусравов дар Тошканд дар самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби қазоқистониаш Рахат Жананийет мағлуб шуд. Ба Хушқадам медали нуқра ва 3 ҳазор доллар тақдим гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо ширкати варзишгарони 37 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ба ҷуз аз Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, боз чаҳор нафар -Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг), Ҳамроз Раҷабов (79 кг), Зафар Олимшоев (88 кг) ва Фирдавс Насимов (98 кг) намояндагӣ карда, аз медал бенасиб монданд.

Тоҷикистонро дар сабқати занон танҳо Шоҳида Қаландарова муаррифӣ кард. Ӯ дар самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ пардохт ва аз рақибаш Анда Валвои руминиягӣ мағлуб гашт.

Чаҳор нафари дигар – Сорбон Латифов (64 кг), Саидҷони Ҳайдар (71 кг), Табрезшо Парпишоев (79 кг) ва Фаридун Одилов (88 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок карданд. Аз байни онҳо танҳо Парпишоев медал гирифт.

Табрезшо баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Марокаш ва Русия ба нимфинал роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз рақиби узбекистониаш Фурқат Рӯзиев шикаст хӯрд ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Паҳлавонони номдори тоҷик Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, инчунин дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон Маҳмуд Абдуллоев баъди бозгашт аз Тошканд меҳмони “Мизи гирд”-и Радиои Озодӣ шуданд.

Суҳбати онҳоро инҷо тамошо кунед:

Ҷаҳонпаҳлавонҳо Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов дар меҳмонии Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:35:33 0:00

XS
SM
MD
LG