Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Абузабӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз рӯи се синну сол – наврасони то 16-сола, навҷавонони то 18-сола ва ҷавонони то 21-сола, ҳамчунин миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир гардид, беш аз 1200 варзишгар аз 60 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар шомил буд. Муҳаммадсолеҳ Баротов дар вазни то 50 кг миёни наврасони то 16-сола бо медали тилло мукофотонида шуд. Дар ин синну сол Фотимахон Гадоева дар вазни то 48 кг миёни духтарон медали нуқра гирифт.

Медали дувуми нуқраро Абдуманнон Раҳимов дар вазни то 77 кг миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба даст овард. Мансур Сабуров дар вазни то 38 кг миёни наврасони то 16-сола, Файзалӣ Мирзоев дар вазни то 50 кг ва Суннатулло Набиев дар вазни +81кг миёни навҷавонони то 18-сола барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон, инчунин Фестивал ё Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу, ки моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 16 медал, аз он ҷумла 7 нишони тилло ба даст оварда буданд.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Ҷопон бархоста, батадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли 2011 ташкил шудааст. Ҳоло дар кишвар ҳудуди 2500 нафар бо ҷиу-ҷитсу машғуланд, ки дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG