Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакамони бозии дӯстонаи тимҳои миллии Қазоқистону Тоҷикистон аз Беларус


Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Бозии дӯстонаро миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳакамон аз Беларус доварӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Амин Кургхели, довари 30-солаи ФИФА, сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанҳояш – ёварони довари ФИФА Юрий Хомчанкаи 33-сола ва Сергей Гидревичи 41-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари 43-солаи ФИФА Артём Кучин аз Қазоқистон мебошад.

Мубин Эргашев, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон, ки шоми имрӯз, 16-уми ноябр, дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нурсултон соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (18:00 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад, 21 бозигарро даъват кардааст, ки ҳашт нафарашон легионер мебошанд.

Шоми душанбе, 15-уми ноябр, мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозии дӯстона мқобили мунтахаби Қазоқистон дар варзишгоҳи «Остона-Арена» тамрин кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон чаҳор маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Футболбозони қазоқ се бор пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон байни худ:

Мусобиқаи байналмилалӣ

Тоҷикистон Қазоқистон 0:1

11-уми апрели соли 1994, Тошканд.

Бозии дӯстона

Қазоқистон Тоҷикистон 4:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

2-юми июли соли 2006, Алмаато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон Тоҷикистон 1:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

8-уми сентябри соли 2007, Алмаато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 2:1

Голи Тоҷикистон: Фарҳод Тоҳиров.

12-уми августи соли 2014, Алмаато.

XS
SM
MD
LG