Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Тошканд


Акмалидин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон.
Акмалидин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд, баргузор шуд, се медал (як тилло, 1 нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шуд. Вай 12-уми ноябр дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод. Ӯ қабл аз роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар рақибонаш аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ғолиб омада буд.

Акмалиддин, ки шогирди паҳлавони номдор ва мураббии варзида Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошад, борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Ниҳоят орзуи деринаи ин паҳлавони 31-сола дар шаҳри Тошканд ҷомаи амал пӯшид.

Ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд – 12-уми ноябр - дар самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило дар финал аз рақиби қазоқистониаш Рахат Жананийет шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқра шуд. Ӯ баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Табрезшо Парпишоев дар рӯзи охирини мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон - 14-уми ноябр - дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 79 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Табрезшо баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Марокаш ва Русия ба нимфинал роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз рақиби узбекистониаш Фурқат Рӯзиев шикаст хӯрд ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо ширкати варзишгарони 37 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ба ҷуз аз Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, боз чаҳор нафар -Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 79 кило, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило ва Фирдавс Насимов дар вазни то 98 кило намояндагӣ карда, аз медал бенасиб монданд.

Инчунин 12-уми ноябр дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия мағлуб гашт.

Панҷ нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг) ва Фаридун Одилов (-88 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок карданд. Аз байни онҳо танҳо Парпишоев медал гирифт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи ҳафт вазн - 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг, занон низ дар риштаи самбои варзишӣ аз рӯи ҳафт вазн - 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - рақобат карданд.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд дар ҳисоби умумидастаӣ Русия бо касби 18 медал (8 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ)ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Узбекистон бо касби 11 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дуюмро азони худ кард. Беларус бо касби 8 медал (3 тилло ва 5 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифт.

Қазоқистон бо касби 11 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи чорум, Украина бо касби 8 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи панҷум ва Тоҷикистон бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи шашумро ишғол карданд.

Аз 37 кишвари иштироккунандаи мусобиқа намояндагони 22 кишвар медал гирифтанд, аз он ҷумла варзишгарони 8 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Ба ҷуз аз Русия, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистон, инчунин варзишгарони Камерун ва Исроил яктоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин Туркманистон бо 3 медали биринҷӣ 11-ум ва Қирғизистон бо як медали биринҷӣ 13-ум шуданд.

Бояд тазаккур дод, cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ҳамакнун Акмалиддин Каримов ҳам ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир гардид, Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Натиҷаҳои беҳтаринро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия, ки бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқа гуштигирони тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал - як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ - гирифта, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия мақоми дуюмро касб намуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни зери 82 кило медали биринҷӣ гирифт. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар пойтахти Узбекистон, шаҳри Тошканд, доир гардид:

Занон

50 кг

1 Капаева Анфиса (Беларус)

2 Давлатова Сабина (Узбекистон)

3 Абдумалик Самара (Қирғизистон)

3 Молчанова Мария (Русия)

54 кг

1 Алмуханбетова Гулдона (Қазоқистон)

2 Некхитбаатар Баюарма (Муғулистон)

3 Биккужина Алия (Русия)

3 Жарская Марина (Беларус)

59 кг

1 Матско Татяна (Беларус)

2 Уварова Светлана (Русия)

3 Оғоҷонова Ибодатхон (Узбекистон)

3 Алтангерел Болду (Муғулистон)

65 кг

1 Хребенозко Юлия (Украина)

2 Салюкова Азхар (Қазоқистон)

3 Бабик Лючия (Хорватия)

3 Ван Дун Сэм (Нидерланд)

72 кг

1 Счелесингер Элис (Исроил)

2 Курушбоева Дилдош (Қазоқистон)

3 Хомячкова Анастасия (Русия)

3 Тсог-Очир Баттсетсег (Муғулистон)

80 кг

1 Тимошенко Светлана (Беларус)

2 Kовалская Галина (Украина)

3 Oряшкова Mария (Булғористон)

3 Ҷандрик Ивана (Сербистон)

+80 кг

1 Артошина Олга (Русия)

2 Kомович Анастасия (Украина)

3 Kевадзе Елена (Гурҷистон)

3 Kондратева Мария (Беларус)

Мардон

58 кг

1 Каримов Акмалиддин (Тоҷикистон)

2 Хертек Саян (Русия)

3 Раимқулов Болатбек (Қазоқистон)

3 Чидрашвили Вахтанги (Гурҷистон)

64 кг

1 Жананиет Рахат (Қазоқистон)

2 Хусравов Хушқадам (Тоҷикистон)

3 Гладких Павел (Беларус)

3 Куликовских Александр (Русия)

71 кг

1 Клетсков Никита (Русия)

2 -

3 Кодзаков Рамазон (Бруней)

3 Саяпин Владислав (Беларус)

79 кг

1 Куржев Уалӣ (Русия)

2 Раҳмонов Улуғбек (Узбекистон)

3 Дартаев Аидин (Қазоқистон)

3 Аллабердиев Нодир (Туркманистон)

88 кг

1 Эшмуродов Ихтиёр (Узбекистон)

2 Рябов Сергей (Русия)

3 Статсенко Дмитро (Украина)

3 Сайидимаданӣ Сайидмуҳаммадризо (Эрон)

98 кг

1 Мирхолиқов Нодирҷон (Узбекистрн)

2 Коновалов Антон (Русия)

3 Давидчук Ярослав (Украина)

3 Ванлиер Герард Мишел (Kамерун)

+98 кг

1 Осипенко Артём (Русия)

2 Mоисеев Aлексей (Украина)

3 Натеа Иля (Руминия)

3 Намсраиҷав Батсуури (Mуғулистон)

Самбои размӣ

58 кг

1 Боқиев Баҳодур (Узбекистон)

2 Нестеров Александр (Русия)

3 Шилов Серхий (Молдова)

3 Домбаев Нуркен (Қазоқистон)

64 кг

1 Ҳабибуллоев Шайх-Мансур (Русия)

2 Солиев Ойбек (Узбекистон)

3 Сеиссов Одилбек (Қазоқистон)

3 Михно Яухени (Беларус)

71 кг

1 Гасанханов Руслан (Русия)

2 Ромашка Зигмантас (Литва)

3 Бобоев Абдулло (Tуркманистон)

3 Қудратов Истам (Узбекистон)

79 кг

1 Рудниев Владислав (Украина)

2 Рӯзиев Фурқат (Узбекистон)

3 Панҷиев Рустам (Tуркманистон)

3 Парпишоев Табрез (Тоҷикистон)

88 кг

1 Магомедов Магомед (Русия)

2 Ҳасанбоев Соҳибҷон (Узбекистон)

3 Давиденко Петро (Украина)

3 Янковский Умар (Қазоқистон)

98 кг

1 Магомедов Расул (Русия)

2 Маъдӣ Райҳон (Қазоқистон)

3 Рудолфо Ҷереми (Тринидад ва Тобаго)

3 Наҷмуллоҳ Сайидо (Камерун)

+98 кг

1 Ҷантоу Максвелл (Камерун)

2 Голсов Денис (Русия)

3 Исмоилов Ҳакимҷон (Узбекистон)

3 Волфман Арчу (Исроил)

Ҳисоби дастаӣ

Самбои варзишӣ

Мардон

1 Русия

2 Узбекистон

3 Тоҷикистон

Занон

1 Беларус

2 Қазоқистон

3 Украина

Самбои размӣ

1 Русия

2 Узбекистон

3 Украина

XS
SM
MD
LG