Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин ва Хушқадам дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба финал роҳ ёфтанд


Акмалиддин Каримов (аз рост). Акс аз бойгонӣ.
Акмалиддин Каримов (аз рост). Акс аз бойгонӣ.

Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки имрӯз, 12-уми ноябр, дар шаҳри Тошканди Узбекистон шуруъ шуд, ба финал роҳ ёфтанд.

Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило ба рақобат аз даври ҳаштякниҳоӣ пардохт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар варзишгарон аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки имрӯз сурат мегирад, рақибаш Саян Хертек аз Русия мебошад.

Хушқадам Хусравов бошад, дар вазни то 64 кило ба рақобат аз даври 1/16-ниҳоӣ шуруъ кард. Вай пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ имрӯз бо Рахат Жананийет аз Қазоқистон вориди рақобат мешавад.

Бояд гуфт, ки Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов шогирдони мураббии варзидаи тоҷик, паҳлавони машҳур Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо ширкати варзишгарони 50 кишвар ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 79 кило, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило, Фирдавс Насимов дар вазни то 98 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.

Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.

Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи ҳашт вазн - 52, 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг, занон низ дар риштаи самбои варзишӣ аз рӯи ҳашт вазн - 48, 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - рақобат мекунанд.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.

Зимнан, cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид.

«Ман дар чемпионати ҷаҳон миёни бузургсолон ҳамасола ширкат меварзам ва борҳо соҳиби ҷоизаҳои нуқраву биринҷӣ гаштаам. Бинобар ин, ягона орзуям ба даст овардани медали тилло аст”, - иброз дошт Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми ноябр.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир гардид, Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG