Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Қазоқистон


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳини тамрин.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳини тамрин.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон рӯзи панҷшанбе, 11-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе шуруъ кард.

Мубин Эргашев, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон, ки 16-уми ноябр дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нурсултон соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (18:00 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад, 21 бозигарро даъват кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати дастаи мунтахаб тағйирот ба амал омад. Ба ҷойи ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров, ки феълан дар ихтиёри бошгоҳи «Персеполис» дар Эрон мебошанд ва дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон иштирок намекунанд, ба тими миллии кишвар Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд») ва Ҳусейн Нурматов («Истаравшан») даъват шуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG