Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи олӣ пешсафон мавқеашонро устувор мекунанд


Рӯзи 10-уми ноябр бозиҳои мавқуфмондаи даври 23-юми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дастаҳои пешсафи ҷадвали мусобиқа пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон - «Кӯктош»-и ноҳияи рӯдакӣ - ду голи беҷавоб зад.

Дар бозии дигар «Истаравшан» дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 ноком кард. Тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бозиро ба дастаи меҳмон - «Файзканд»-и Восеъ – бо ҳисоби 0:1 бохт.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 58 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Хуҷанд» бо 48 имтиёз дар ҷойи дуюм ва КМВА бо 39 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

«Истиқлол», ки аз «Хуҷанд» даҳ имтиёз бештар гирифтааст, имсол ҳам барои рақибонаш дастнорас аст. «Хуҷанд» боз медалҳои нуқраро азони худ хоҳад кард. Барои медалҳои биринҷӣ се даста – КМВА, «Истаравшан» ва «Хатлон» талош меварзанд. Низомиён барои ҷойи сеюм шонси хубтар доранд.

Бозиҳои даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 19, 20 ва 21-уми ноябр баргузор мешаванд. 19-уми ноябр «Файзканд» бо «Кӯктош», 20-уми ноябр «Эсхата» бо «Истаравшан», КМВА бо «Хатлон» ва 21-уми ноябр «Хуҷанд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 23-юм

«Душанбе» – «Файзканд» – 0:1

Гол: Доробҷон Эргашев, 90+2.

10-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Хуҷанд» - «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Артём Сердюк, 52 (1:0). Парвиз-Боқӣ Охунов, 76 – аз пеналти (1:1). Алишер Баротов, 80 (2:1).

10-уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

«Истаравшан» «Равшан» 1:0

Гол: Илҳомҷон Баротов, 14.

Аз майдон хориҷ шуд: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов («Истаравшан»), 90+3 – корти дуюми зард.

10-уми ноябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

«Эсхата» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Петар Патев, 8 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 33 (0:2). Рустам Соиров, 65 (0:3).

10-уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1200 тамошобин.

КМВА – «Кӯктош» – 2:0

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 12 (1:0). Идрис Амину, 80 (2:0).

10-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

23

18

4

1

63-8

58

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

23

15

3

5

47-23

48

3

КМВА (Душанбе)

24

11

6

7

36-29

39

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

24

10

5

9

25-24

35

5

«Хатлон» (Бохтар)

24

9

5

10

26-30

32

6

«Равшан» (Кӯлоб)

24

7

8

9

24-28

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

24

8

3

13

30-45

27

8

«Файзканд» (Восеъ)

24

6

5

13

17-31

23

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

24

6

5

13

34-53

23

10

«Душанбе» (Душанбе)

24

4

6

14

22-54

18

Нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 11-голӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 10 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата») – 9-голӣ, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 8-голӣ.

Даври 25-ум

19-уми ноябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Файзканд» – «Кӯктош»

20-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Эсхата» – «Истаравшан»

КМВА – «Хатлон»

21-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Хуҷанд» – «Равшан»

«Душанбе» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG