Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон ба марти соли 2022 мавқуф гузошта шуд


Мусобиқаи муштзанӣ миёни занон. Акс аз бойгонӣ.
Мусобиқаи муштзанӣ миёни занон. Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки мебоист аз 4-ум то 19-уми декабри соли равон дар шаҳри Истамбули Туркия доир мегашт, ба моҳи марти соли 2022 ба таъхир андохта шуд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA).

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим ба иллати бӯҳрони коронавирус ва маҳдудиятҳо дар саросари ҷаҳон гирифта шуд. AIBA дар як изҳорот гуфтааст, ки "теъдоди зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвор ва маҳдудиятҳо рубаруанд. Ба ин далел шӯрои мудирони AIBA дар мувофиқа бо Федератсияи бокси Туркия тасмим гирифт, ки қаҳрамонии ҷаҳон миёни занонро ба моҳи марти соли 2022 мавқуф гузорад".

"Мо медонем, ки баъзе дастаҳо аллакай омодагиро ба ин чорабинӣ оғоз кардаанд ва ноумед хоҳанд шуд, вале бехатарӣ ва солимии варзишгарон, намояндагони расмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои мо авлавият дорад. Биноан, наметавонем хатари идомаи ин чорабиниро ба дӯш гирем”, - гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлёв.

Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттақидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG