Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба Тошканд мераванд


Акмалиддин Каримов (аз рост)
Акмалиддин Каримов (аз рост)

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 12-14-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, иштироки чордаҳ варзишгари тоҷик дар назар аст. Дар ин бора Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои ӯ, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон дар риштаи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон доир мегардад.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон оид ба самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кило, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 79 кило, Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило, Фирдавс Насимов дар вазни то 98 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило иштироки Шоҳида Қаландарова дар назар аст.

Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ширкат меварзанд.

«Дастаи мунтахаби Точикистон имрӯз, 10-уми ноябр, тавассути микроавтобус ба шаҳри Хуҷанд меравад, баъдан аз онҷо ба Тошканд сафар мекунад. Акмалиддин Каримов аз Маскав ба пойтахти Узбекистон меояд. Хушқадам Хусравов бошад, рӯзи чоршанбе тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд парвоз мекунад», - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд мардон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи ҳашт вазн - 52, 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг, занон низ дар риштаи самбои варзишӣ аз рӯи ҳашт вазн - 48, 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - рақобат мекунанд.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.

Зимнан, cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид.

«Ман дар чемпионати ҷаҳон миёни бузургсолон ҳамасола ширкат меварзам ва борҳо соҳиби ҷоизаҳои нуқраву биринҷӣ гаштаам. Бинобар ин, ягона орзуям ба даст овардани медали тилло аст”, - иброз дошт Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми ноябр.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир гардид, Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG