Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистонро ба бозии дӯстона бо Қазоқистон Мубин Эргашев омода мекунад


Мубин Эргашев, раҳбари тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), дар бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби миллии кишвар муқобили мунтахаби Қазоқистон (16-уми ноябр) вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистонро иҷро мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии Мубин Эргашев чанд рӯз пеш ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки моҳи июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Ба Эргашев собиқ бозигарони маъруфи мунтахаби миллӣ – Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббии дарвозабонҳо) кӯмак хоҳанд кард. Нақши мураббии таҳилгарро Фаррух Марофиев ба ҷо меорад.

Мубин Эргашев ба дастаи мунтахаб 21 бозигар, аз ҷумла даҳ легионерро, ки бошгоҳҳои Узбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Беларус ва Малайзияро намояндагӣ мекунанд, даъват кардааст.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистон ва Тоҷикистон 16-уми ноябр дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нурсултон доир мегардад. Бозӣ соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (18:00 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон рӯзи панҷшанбе, 11-уми ноябр, дар Душанбе шуруъ мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Муваққатан иҷрокунандаи сармураббӣ – Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG