Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Пирӯзии "Истиқлол" ба "Эсхата" ва "Хуҷанд" ба "Равшан"


Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021

Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол рӯзҳои 6-7-уми ноябр баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар "Истиқлол"-и Душанбе бо "Эсхата"-и Хуҷанд рақобат кард. Ба чор голи задаи мизбонон меҳмонон тавонистанд бо се гол посух бидиҳанд. Бозии ҷавобӣ байни ин ҷуфт рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад.

Бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе, 7-уми ноябр, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Равшан"-и Кӯлоб баргузор шуд. Хуҷандиҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба карданд. Бозии ҷавобии ин ҷуфт рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Кӯлоб доир мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Нимфинал. Бозии аввал

"Истиқлол" - "Эсхата" - 4:3

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 8 (1:0). Алишер Ҷалилов, 25 (2:0). Манучеҳр Сафаров, 28 (3:0). Рёта Нома, 38 (4:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 42 (4:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 71 - аз пеналти (4:2). Аҳрорҷон Иноятов, 74 (4:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Корти зард: Рустам Соиров ("Истиқлол"), Шаҳзод Абдураҳимов ("Эсхата").

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

6-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

"Хуҷанд"- "Равшан" - 4:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 20 (1:0). Комрон Турсунов, 39 (2:0). Дилшод Бозоров, 73 (3:0). Дилшод Бозоров, 80 (4:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Далер Шомуродов ("Равшан") – барои дашном додани ҳарифаш.

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

7-уми ноябр. Хуҷанд, варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон".

XS
SM
MD
LG