Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал


Дастаи «Соро компания»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.

Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбе, 7-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, бо ҳузури 1000 тамошобин баргузор шуд.

Ду голи Файзалӣ Сардоров, инчунин голҳои Бахтиёр Солиев ва Муҳаммад Шарипов ба «Соро компании» дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, дастаи «Соро компания» бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мавсими имсола ҳамаи се мукофотро соҳиб шуд. Пеш аз Ҷоми Тоҷикистон, ин даста Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар ва Ҷоми Лигаи касбии футзалро соҳиб шуда буд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи ғолиб ва финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2021, инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳо тақдим гардид. Фирӯз Бекмуродов («Сипар») беҳтарин дарвозабон, Сиёвуш Қаюмов аз дастаи «Вавилон» беҳтарин нишонзан ва Муҳаммад Шарипов («Соро компания») беҳтарин бозигар дониста шуданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футзал

Финал

«Сипар» – «Соро компания» – 2:4

Голҳо: Умед Қузиев, 4 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 8 (1:1). Рустам Ҳамидов, 22 (2:1). Бахтиёр Солиев, 28 (2:2). Муҳаммад Шарипов, 31 (2:3). Файзалӣ Сардоров, 40 (2:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Шарипов («Соро компания»).

7-уми ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 1000 тамошобин.

XS
SM
MD
LG