Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудо "Baku Grand Slam 2021" медали нуқра гирифт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар пойтахти Озарбойҷон дар вазни беш аз 100 кило барои мақоми дуюм бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3000 евро сарфароз гардид. Зимнан, ин аввалин медали паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти пурнуфузи силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ба шумор меравад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар “Baku Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Боку баргузор шуд, 195 варзишгар (128 мард ва 67 зан) аз 29 кишвари панҷ қораи дунё ширкат варзида, аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) қувва озмуданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалии анъанавӣ Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо намуд. Вале Темури 24-сола дар мубориза барои медали тилло аз рақиби ҷавону пурқуввату сангинвазни худ Татсуру Саитои 19-солаи ҷопонӣ бо баҳогузории “иппон” мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали нуқраи мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” гардид. Бояд гуфт, ки дар мавсими имсола ин ҳаштумин мусобиқае буд, ки Раҳимов ширкат дошт ва дар Боку ба натиҷаи беҳтарини худ ноил гашт. То ин мусобиқа ӯ дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни беш аз 100 кило бо 2737 имтиёз дар ҷойи 11-ум буд.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонови 22-сола дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2021” дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Вале чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон – Ҳақназар Назаров (-81 кг), Хушвахт Идиев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) – дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалу ҷоизаи молӣ маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку Маҳмадбек Маҳмадбеков, амакбачаи Сомон Маҳмадбеков, ки Русияро намояндагӣ кард, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуд. Ӯ дар вазни то 73 кило панҷ пирӯзӣ ба даст овард ва дар финал Кен Ойоширо аз Ҷопон шикаст дод.

Зимнан, ин дар мавсими ҷорӣ дуюмин ғалабаи Маҳмадбек дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Тоскулоҳи бузург” мебошад. Ӯ дар чунин мусобиқа моҳи майи соли равон дар Қазони Тотористон ғолиб шуда буд.

Маблағи умумии мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2021” 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро супурда шуд. Барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2021” мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (5 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт.

Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Олмон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Тоҷикистон бо як медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум дар байни 29 кишвар ҳамроҳи Австрия ҷойи 14-умро соҳиб шуд.

Соли 2020 мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam” ба иллати пандемияи коронавирус баргузор нашуда буд. Соли 2019 дар мусобиқаи Боку ду варзишгари маъруфи тоҷик – Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило – иштирок карда буданд. Ҳарду ба сабқат аз даври дуюм шуруъ намуда, ноком шуданд. Сомон аз Батболд Булгани муғул ва Комроншоҳ аз Саид Эмӣ Жамбекови русиягӣ шикаст хӯрданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷудо “Baku Grand Slam 2021”

Мардон


-60 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)
2. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
3. АЛИЕВ Равшан (Озарбойҷон)
3. КОНДО Ҳаято (Ҷопон)

-66 кг
1. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
2. ВЙЕРУ Денис (Молдова)
3. ТАНАКА Риома (Ҷопон)
3. ГОНЧАРКО Йевен (Украина)

-73 кг
1. М
АҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)
2. ОЙОШИ Кен (Ҷопон)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
3. ТСЕНГ-ОЧИР Тсонгтбаатар (Муғулистон)

-81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
2. ДРУЗЕТА Доминик (Хорватия)
3. ҲОҶИЕВ Элҷон (Озарбойҷон)
3. ГОТЙЕР ДРАПО Франсуа (Канада)

-90 кг
1. МАШИЯМА Касуке (Ҷопон)
2. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ГВИНИАШИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)

-100 кг
1. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
2. ЕЛНАҲАС Шади (Канада)
3. САНЕБЛИДЗЕ Онисе (Гурҷистон)
3. ИИДА Кентаро (Ҷопон)

+100 кг
1. САИТО Татсуру (Ҷопон)
2. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)
3. ОДХУУ Тсесенсенгел (Муғулистон)
3. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷон)

XS
SM
MD
LG